Бузургтарин бозори молу колои Душанбе маъруф ба "Корвон" дар чанд рӯзи қабл аз ид серодам буд. Дар баробари харид барои дастархони идона, дар Иди Рамазон аксарият кӯшиш мекунанд, барои худ ва ё фарзандон либоси нав гиранд.
Ба бар кардани либоси нав дар субҳи ид дар Тоҷикистон ба як одат табдил фтааст ва аз фазилатҳои аслии ид дониста мешавад. Кӯдакон ҳам одат кардаанд, ки ҳар ид бо либоси нав ба идгардак бираванд ва чанд рӯз қабл волидонро ёдрас мекунанд, ки либоси идонаро фаромӯш накунанд.
Бухорӣ Амонов, сокини шаҳри Душанбе, падари 3 фарзанд, ки дар яке аз дӯконҳои бозои “Саховат” барои фарзандонаш либос мехарид, гуфт:
"Рӯзҳои иду хурсандиро бештар аз ҳама кӯдакон интизору хушҳол мешаванд. Агар барои худ ҳам нахарем, барои хурсанд шудани кӯдакон ҳатман либоси нав мехарем.”
Хурсандии Марями 14-сола ҳам, ки дар паҳлӯи модар барои худ либос интихоб мекард, ҳадду канор надошт. Ӯ ҳам дар рӯзи ид бо либоси нав ҳамроҳ бо дугонаҳояш ид мекунад. Барои тоҷирони сару либоси кӯдакона ҳам идҳои мазҳабӣ фурсате барои гармии бозорашон аст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Парвина Қаландарова, тоҷири либосҳои кӯдакона, рӯзи 4-уми июн гуфт, маъмулан онҳо ҳам дар рӯзҳои ид омодагии хос мебинанд ва мағозаро бо сару либоси нав пур мекунанд. Парвина мегӯяд, дар ин рӯзҳо ӯ маъмулан даромади хуб ба даст меорад: "Даҳ рӯз пеш аз ид бори нав овардем. Медонем, ки дар ин рӯз волидон барои кӯдакон либоси бисёр мегиранд, барои ҳамин кӯшиш мекунем, дар ид бори зиёд биёрем."
Албатта, ба далели гаронии нархи молу коло махсусан дар арафаи иди Рамазон дар бозор на ҳама метавонанд, барои худ либоси нав омода кунанд.
Ба ақидаи афроди бузургсол ба бар кардани либоси нав дар иди Рамазон ё Қурбон савоб аст. Вале ба бовари Раҳмоналӣ Маҳмадалиев, як сокини ноҳияи Данғара, муҳим харидани либоси нав нест, муҳим он аст, ки одам дар рӯзи ид тозаву озода ва хушҳол бошад. Ӯ мегӯяд: "Либоси нав ҳам набошад, бояд тозаву озода бошад."
Чизи дигареро, ки кӯдакон аз волидон дар идҳои мазҳабӣ тақозо мекунанд, халтача барои тӯҳфаҳои идона аст. Тоҷирон ҳам бо назардошти талабот, қабл аз ид халтачаҳои мунаққаш фармоиш медиҳанд.
Ризои Алӣ, тоҷири бозори "Панҷшер" дар иди навбатӣ беш аз 200 халтача бо навиштаи “ид муборак” пешниҳод кард. Ба гуфтаи Ризо: “Кӯдакон бештар ҳаминро истифода мебаранд. Зиёда аз 200 дона буд, 20 дона мондааст.”
Солҳои ахир дар Тоҷикистон сари мавзӯи идгардаки кӯдакон дар идҳои мазҳабӣ баҳсҳо зиёданд. Теъдоде ҳам мухолифи хона ба хона сар задану идона талаб кардани кӯдакон аст. Ба қавли онҳо, ин як навъ омӯзиши талбандагӣ аз кӯдакӣ аст. Теъдоди дигар бар инанд, ки ин як суннате барои хурсанд кардани кӯдакон дар идҳои мазҳабӣ аст ва на бештар аз ин.