Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ гуфт, наздики 100 "ихвонӣ" ҷазои судӣ гирифтанд


Толори Додгоҳи олӣ дар шаҳри Душанбе
Толори Додгоҳи олӣ дар шаҳри Душанбе

Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, беш аз 80 нафар аз пайрвони "Ихвон-ул-муслимин" зиндонӣ ва 18 тани дигари онҳо ба пардохти ҷарима аз боздоштгоҳ раҳо шуданд.

Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, 18 нафар аз маҳкумшудаҳо дар парвандаи "Ихвон-ул-муслимин" бо пардохти ҷарима раҳо шудаанд. Вай рӯзи 19-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин шахсон аз 800 то 900 нишондод барои ҳисобҳо (аз 48 то 54 ҳазор сомонӣ) ҷарима карда шуданд, ки бо пардохти он озод шудаанд. Додгоҳи олӣ дар нишасти хабарӣ дар бораи ин касон ҷузъиёти бештар надод.

Шавкат Лутфуллозда гуфт ғайр аз 18 нафар, ки бо ҷарима озод шуданд, 85 пайрави созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" аз 5 то 24 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳукми додгоҳ моҳи апрел бароварда шудааст. Ба гуфтаи масъулони Додгоҳи олӣ маҳкумшудаҳо бинобар норозӣ будан аз ҳукми зинаи аввал, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикояти кассатсиёнӣ бурдаанд.

Моҳи июн марҳилаи назоратии Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионии афроди маҳкумшуда ба пайрави аз созмони "Ихвон-ул- муслимин"-ро рад карда, ҳукми зинаи аввали додгоҳро бетағйир гузоштааст.

Муҳокимаи пайравони "Ихвон-ул-муслимин" моҳи июли соли 2020 паси дарҳои баста оғоз шуда буд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буд, муҳокима боз аст, вале вакилони мудофеъ ҳамеша аз суҳбат худдорӣ карда, зикр намудаанд, ки парванда зери муҳри "махфӣ" баррасӣ мешавад.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG