Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафарбек Солеҳов, филмсози шинохтаи тоҷик даргузашт


Сафарбек Солеҳов, филмсоз, шоир ва филмноманависи шинохтаи тоҷик дар сини 62-солагӣ бар асари бемории СOVID-19 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, ки ӯ ду ҳафтаи охир аз ин беморӣ ранҷ мебурд ва бистарӣ буд.

Сафарбек Солеҳов яке аз эҷодкорони номдори тоҷик, дастпарвари Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва мактаби синамои Русия, бо даҳҳо филми мустанадаш мавзӯъҳои аз чашмҳо пинҳонмондаи таъриху фарҳанги тоҷиконро ба ҷаҳониён ошно намуд. Нахустин филми ӯ бо номи "Жакон" аз рӯзгори гуруғлихони маъруф Ҳикмат Ризо соли 1988 ҷоизаи Ҷашнвораи филмҳои мустанади Порисро гирифт. Дар филмҳои баъдии "Ашагулон" ва "Ба номи Ҳурмузд" эҷодиёти ӯ оҳанги қавии иҷтимоӣ гирифт ва бо тасвири чеҳраҳои маъруфи фарҳангу сиёсат ба сарнавишти таърихии тоҷикон гиреҳ хӯрд.

Дар чанд ҷашнвора филми ӯ "Комил", ки ба нахустин филмсози тоҷик ва Осиёи Марказӣ Комил Ёрматов бахшида шудааст, аз дастовардҳои муҳимаш шумурда шуд. Ҷашнвораи "Дидор" дар Душанбе соли 2014 бо ин филм оғоз ёфт. Сипас "Комил" дар даҳҳо кишвар ба намоиш даромад.

Худи ӯ он вақт дар бораи намоиши ин филм ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин филм ба русӣ буд ва баъди ҷашнвораи “Дидор” нахустнамоиши он дар Маскав доир мешавад. Он ҷо 3 намоиши мушаххас мешавад. Баъдан дар Алмаато, Тошканд ва Ню-Йорк намоиш дода мешавад. Хеле муҳим аст, ки мардуми Тоҷикистон бидонад, ки Тоҷикистон фақат аз рақсу бозӣ ва базм иборат нест. Балки як фарҳанги воқеан амиқи муосир ва ингуна коргардонҳои ҳирфаӣ дошт. Умедворам аз тариқи телевизион пахш мешавад, чун онҳо муроҷиат карданд ба ман."

Филми охирини Сафарбек Солеҳов “Нисор” ба корномаи Нисор Муҳаммад, нахустин вазири маорифи Тоҷикистон бахшида шуд, ки дар таъқиботи сталинӣ, дар соли 1937 бо айбномаи сохта кушта шуд.

Муаллифи зиёда аз 20 филми ҳуҷҷатӣ, Сафарбек Солеҳов дар оғози солҳоио 2000 филми ҳунарии пурраметражи "Тақвими интизорӣ"-ро ба навор гирифт, ки аз мушкилоти пасоҷангии тоҷикон ва фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳикоят меккунад. Дар ин филм Сафарбек нақши корчаллонеро бозидааст, ки бо тақсим кардани пулу калуш дар интихобот пирӯз ва узви порлумон мешавад.

Сафарбек Солеҳов ду даҳаи охир масъули бахши робита бо ҷомеаи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон буд.

С.Солеҳ: "Мардуми мо боистеъдоданд, вале шароит надоранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Сафарбек Солеҳов, табъи шоирӣ ҳам дошт ва дар саҳифаи Фейсбукиаш ашъорашро ба табъ мерасонид. Интизор мерафт, ба зудӣ дафтарҳои шеъри худро ба нашр расонад. Як ғазали ӯ дар соли 2017 беҳтарин навиштаи гурӯҳи "Адибони тоҷик ва дӯстдорони адабиёт" дониста шуд:

Мо қавми беандешаем, бе баргу обу решаем.
Даъвои тоҷдорӣ гузашт, имрӯз муздурпешаем.

Майдонғарибу хонашер, дар чоплусиҳо далер.
Дӯсткуши душманпарварем, дар остин морпарварем.

Аз сарбаландӣ бехабар, ду даст доим пеши бар,
Ғофил за ҳаққу иззатем, дар рӯи дунё дар ба дар.

Ҳарфи дурӯғ пайдо шавад, аз рост парҳез кардаем.
Баҳри гулӯи якдигар, шамшерҳо тез кардаем.

Фирефтаи ҳарфи дурӯғ, побанди шоми бефурӯғ
Ломазҳабу муллову муғ, мо аз Худо баргаштаем?

Фар рафтаву ҳанг мондааст, ганҷ рафтаву санг мондааст.
Аз покиҳо дар ин Ватан, як руди Бартанг мондааст.

Як коҳ дар дарёи вақт, як оҳи барбод рафтаем.
Регзарра дар Дашти Кавир, аз ҳама ёдҳо рафтаем.

Мо гунги сад хоб дидаем, ҳам кари ҳақ нашнидаем.
Эй бор Худо лутфе намо, торикиро рушан намо.

Хомуширо овоз деҳ, анҷомро оғоз деҳ.
Чораи кори мо бубин, довари барҳаққу амин.

Сафарбеки Солеҳов соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1980 бахши забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд. Соли 1993 Давраи олии Сенариянависон ва коргардонони Маскавро ба итмом расонида, бо дипломи коргардони филмҳои ҳунарӣ ва мустанад фориғуттаҳсил шудааст.

24 филми мустанад ва 4 филми ҳунарӣ ба навор гирифтааст. Аввалин филми "Жакон" - аз рӯзгори гуруғлихони маъруф Ҳикмат Ризо аст, ки дар соли 1988 таҳия шуда, дар як ҷашнвораи синамо дар Париж соҳиби ҷоиза гардидааст. Ва маҳз ҳамин ҷоиза роҳи Сафарбеки Солеҳро барои идомаи кор дар синамо ҳамвор кардааст. Филмҳои дигари ӯ низ аз ҷумла филдми"Ашаглон", "Kобус", "Дар диёри қаҳрамони халқ", "Ба номи Ҳурмуз", "Ҳадди охир” "Дарё", "Соярушан", "Байни нилуфару вақт", "Гул ба домони диёр", "Ганҷи бодовард", "Чархофалак", "Ҷазираи умед", "Шоҳнома", "Ангуштари арӯсӣ" ), " "Тақвими интизорӣ" (филми ҳунарӣ), "Нусур", "Ҳамсояҳои наққош" (филми ҳунарӣ) дар ҷашнвораҳои зиёди байналмиллалӣ соҳиби ҷоиза гаштаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG