Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон бо як нармафзори ҷосусии Исроил ба телефони хабарнигорон ва мухолифон дастрасӣ ёфтааст   


Бинои ширкати NSO Group дар Исроил
Бинои ширкати NSO Group дар Исроил

OCCRP- Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта гузоришгарони Озарбойҷонро ба ҷосусӣ зидди садҳо фаъолон ва рӯзноманигорони маҳаллӣ, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Озодӣ бо истифода аз нармафзори мураккабе, ки дастрасии ҳукуматро ба телефонҳои ҳамроҳ фароҳам овардааст, айбдор кард.

OCCRP-дар гузорише, ки рӯзи 18-уми июл нашр кард, мегӯяд, зоҳиран Озарбойҷон Pegasus - нармафзори ҷосусӣ дорад, ки метавонад зангҳои телефонро сабт кунад ва паёмакҳоро хонад, аксҳо ва калиджвожаҳоро (парол) дастрас кунад, маълумотҳои GPS-ро пайгирӣ намояд ва пинҳонӣ сабтҳои аудио ва видео сабт кунад. Ин нармафзор офаридаи ширкати NSO Group-и Исроил гуфта мешавад.

Гузориш дар бораи Озарбойҷон баҳше аз тадқиқоти байналмилалӣ аст, ки OCCRP ва 17 расонаҳои ҳамкораш аз ҷумла ташкилоти ғайритиҷоратии Forbidden Stories ва Amnesty International анҷом додааст. Тадқиқот бар пояи бойгонии маълумот иборат аз шумораҳои 50 ҳазор телефон таҳия шудааст, ки ба назар мерасад, аз соли 2016 ба ин сӯ мавриди таваҷҷуҳи муштариёни ширкати Исроилӣ будаанд.

Бар пойи таҳқиқи рӯйхати телефонҳо OCCRP ошкор намудааст, ки беш аз даҳ кишвар, Озарбойҷон, Баҳрайн, Венгрия, Ҳинд, Индонезия, Қазоқистон, Мексика, Марокаш, Руанда, Арабистони Саудӣ, Того, Имороти Муттаҳидаи Араб аз муштариёни ин ширкатанд.

Дар асоси садҳо рақами телефони хабарнигорон, фаъолон ва намояндагони мухолифини Озарбойҷон, ки махзани маълумоти фошшуда ошкор шуд, OCCRP хулоса кардааст, ки эҳтимол онҳо ҳадафи нармафзори ҷосусии Pegasus шудаанд. Гарчанде ки "ягон далели қатъӣ" вуҷуд надорад, ки Боку яке аз мизоҷони NSO Group аст, OCCRP гуфт, "бартарии далелҳо нишон медиҳад" Озарбойҷон аз ин нармафзори ҷосусӣ истифода кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG