Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз шиканҷа шудани духтари сафир, Афғонистон дипломатҳояшро аз Покистон фаро хонд


Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон пас аз ду рӯзи рабуда ва шиканҷа шудани духтари сафир дипломатҳояшро аз Покистон бозхонд кард.

Воҳид Умар, сухангӯи раисҷумҳур рӯзи 18-уми июл гуфт, Ашраф Ғанӣ ба дипломатҳо, аз ҷумла сафир амр дод, ки "то он даме, ки ҳукумати Покистон одамрабоёнро ҷазо надиҳад ва амнияти сафир ва дипломатҳои Афғонистон дар он кишвар кафолат дода шавад" ба Кобул баргарданд."

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи 17-уми июл бо нашри як изҳорот гуфт, Силсилаи Алихел дар роҳ ба сӯи хона буд, ки ҳамлагарони ношинос ӯро якчанд соат дастгир карда "шадидан азобу шиканҷа" доданд.
Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки вай дар беморхона бистарӣ шудааст.

Вазорат "амали зиштро" маҳкум кард ва аз ҳукумати Покистон даъват кард, ки "ҳарчи зудтар ҷинояткоронро муайян ва ба ҷавобгарӣ кашанд". Вазорат инчунин аз Исломобод хост, муҳофизати дипломатҳои афғонро таъмин кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи 17-уми июл гуфт, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи "ҳодисаи ташвишовар "-ро оғоз кардааст. Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, ки мақомоти Покистон бо фиристодаи Афғонистон ва хонаводаи ӯ "иртиботи наздик" доштанд ва амнияти онҳоро тақвият доданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG