Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттифоқи адвокатҳо: "Мирзоев зери фишор набуд!"


Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар як вокуниши катбӣ ба мақолаи Радиои Озодӣ таҳти унвони “Адвокати тоҷик аз ватан фирор кард" навишт, “вакили мудофеъ Нусратулло Мирзоев узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон таҳти фишори ягон мақомот қарор нагирифтааст ва ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад."

Вокуниши Нуриддинов рӯзи 15-у июл дастраси Радиои Озодӣ шуд. Ба таъкиди ӯ дар сурати "ҷой доштани таҳдиду фишор адвокат таҳти ҳимояи қонун қарор дорад ва агар нисбати адвокат Нусратулло Мирзоев фишор ҷой медошт, ӯ аз ҳуқуқҳои худ ҳамчун адвокат истифода мебурд."

Аммо вакили мудофеъ, Нусратулло Мирзоев мегӯяд, ба вокуниши раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон розӣ нест ва ба қавли ӯ ним соли ахир зери фишори мақомоти умури дохилӣ ва додситонии вилояти Хатлон қарор дошта, ноилоҷ тарки Тоҷикистон кардааст.

“Саидбек Нурниддинов, мегӯяд, агар ман таҳти фишор қарор медоштам ҳатман ба Иттифоқ и адвокатҳо муроҷиат мекардам. Лекин аз соли 2015 ба ин тараф Нуриддинов ба мушкили кадом адвокат расидагӣ кардааст? Ман бовар надорам ба Иттифоқи адвокатҳо ва ночор аз кишвар берун шудам. Охирин фишоре, ки ба сари ман оварда шуд, ҳимоят аз ҳуқуқи Саиднуриддин Шамсиддинов буд, ки бо вуҷуди адвокат будан ба ҳаштунимсоли зиндон маҳкум шуд буд. Барои ҳимояи парвандаҳое, ки аз созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" оид ба облаваҳо зери фишор қарор доданд ва имкони диофъ аз зерҳимояҳоро аз ман гирифта буданд”,- мегӯяд Мирзоев.

Дар идомаи вокуниш Саидбек Нуриддинов ҳарфҳои Дилрабо Самадова, раиси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ"-ро дар бораи сабаби фирори Мирзоев аз Тоҷикистон бепоя арзёбӣ кардааст.

Дилрабо Самадова ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "фишору маҳдуд кардани фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистон масъалаи рақами аввал аст."

Хонум Самадова дар саҳифаи худ дар шабакаҳои ҷитимоӣ ҳарфҳои Нуриддинов ва вокуниши ӯро беасос хонда, гузоришҳои созмонҳои байналмиллаиӣ оид ба вазъи ногувори адвокатҳои тоҷик дар дохили кишвар ва матлабҳои расонаҳои мухталифро барои ӯ пешниҳод карда навиштааст, ки хонад ва огоҳ шавад.

Нуриддинов дар вокуниши хеш ба Дилрабо Самадова ишора намуда мегӯяд, мувофиқи мақсад мебуд, ки агар "Радиои Озодӣ" оид ба масалаҳо ва мушкилиҳои адвокатҳо ба Иттифоқи адвокатҳо муроҷиат мекард на ба шахсе, ки адвокат нест ва салоҳияти аз номи адвокатҳо гап заданро надорад. Аммо он замон кӯшишҳои пайдарпайи Радиои Озодӣ барои тамос бо рақами Саидбек Нуриддинов бенатиҷа монданд.

Муаззама Қодирова, вакили мудофеъ, ки ба гуфтааш пас аз фишори мақомот дар Олмон паноҳанда шудааст, навиштааст, пас аз хондани ин вокуниш, бори дигар, мутмаъин шудам, ки адвокатҳо дар Тоҷикистон вокеъан ҳам таҳти фишор қарор доранд. Чунин вокуниш аз тарафи роҳбарияти Иттифоқи адвокатҳои Точикистон, қобили қабул нест. "Адвокатҳо дар Тоҷикистон мустакил нестанд ва ҳамеша тақти фишор карор доранд”,- гуфтааст ӯ.

Хонум Қодирова меафзояд кор ба ҷое кашида шудааст, ки вақте бархе адвокатҳо имкони хориҷ шуданро надоранд ,ноилоҷ байни ҷабрдида ва мақоми айбдоркунанда вазифаи миёнаравиро иҷро намуда зиндагиашро пеш мебарад.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи Саидбек Нуриддинов панҷ сол аст, дар назди Иттифоқи адвокатҳо, Комиссияи ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳо таъсис дода шудааст. Ба иддаои ӯ ҳадафи он расидагӣ ба ҳодисаҳои маҳдудкунии ҳуқуқҳои адвокатҳо, истифодаи таъқибу фишор нисбати онҳо, мавриди санҷиш қарор дода шуда, барои пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Созмони Афви Байналмилал дар як гузориши хос дар бораи адвокатҳо соли гузашта гуфт, “вакилони дифоъ зимни иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд.” Ба гуфтаи Афви Байналмилал, “Дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан адвокати ҳуқуқи инсон будан, маънои ба хатарҳои бемисл рӯ ба рӯ шуданро дорад."

Дар Тоҷикистон, ки аҳолиаш бештар аз 9 миллион аст, танҳо наздики ҳазор адвокат ҳаққи кор пайдо кардааст, ки теъдоди ночиз дониста мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG