Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

41 нафар дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ба COVID-19 гирифтор шуданд


Ҳангоми дафни яке аз беморони коронавирус дар Душанбе
Ҳангоми дафни яке аз беморони коронавирус дар Душанбе

Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14 ҳазору 78 нафар расид. Вазорати тандурустӣ гуфт, дар як шабонарӯзи то 17-уми июл, 41 мавриди нави сирояти бемориро сабт кард.

Дар умум, ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти беморӣ дар кишвар (аз моҳи апрели соли гузашта) 110 кас ҷони худро аз даст дода, беш аз 13 ҳазору 685 нафар шифо ёфтаанд.

Баъзе мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, эҳтимол шумораи гирифторони беморӣ ва маргу мир аз он аз омори расмӣ дида бештар бошад.

Дар ҳамин ҳол, мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, Тедрос Аданом Гебрейесус, хабар дод, ки дунё дар остонаи мавҷи севуми вабои COVID-19 қарор дорад. Вай гуфт, чаҳор ҳафта пайи ҳам теъдоди гирифторони коронавирус дар саросари дунё меафзояд ва шумори фавтидагон низ дар ҳоли зиёд шудан аст.

Ӯ яке аз сабабҳои афзоиши гирифторонро СҶТ дар навъи "делта"-и коронавирус мебинад, ки дар 111 кишвар паҳн шудааст. Интизор меравад, ин навъи коронавирус ба навъи асосии коронавирус табдил шавад.

Гебрейесус ба масъалаи тақсими нодурусти ваксина байни кишварҳо низ таваҷҷуҳ кард - ба далели камбуди ваксина қисми бештари аҳолии дунё дар баробари вабо осебпазир мешавад.

Роҳбари СҶТ даъват кард, ки ҳадди ақал то моҳи сентябр 10 дарсади аҳолии ҳар кадом кишвар, то охири сол 40 дарсад ва то миёнаҳои соли оянда 70 дарсади аҳолии ҳар кишвар ваксина зада шаванд. Барои ин ҳадаф 11 миллиард вояи ваксина зарур аст.

Аз ибтидои вабои коронавирус дар саросари дунё бештар аз 187 миллион кас ба коронавирус мубтало шуда, бештар аз 4 миллион кас фавтидаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG