Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Олмон ҷони 81 нафарро рабуд


Харобкориҳои сел дар Олмон
Харобкориҳои сел дар Олмон

Субҳи 16-уми июл шабакаи иттилоотии АRD-и Олмон хабар дод, ки бар асари борону сел дар минтақаҳои ғарбии ин кишвар камаш 81 нафар ба ҳалокат расид.

Ҳукумати ноҳияи Аҳрвейлери канори шаҳри Кёлн дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, сарнавишти наздик ба 1300 сокини минтақаи офатзада рӯшан нест.

Бороноҳои пайиҳам боис гаштанд, ки оби рӯдхона аз соҳилҳо берун шуда, роҳҳои мошингарду хонаҳоро бишӯяд ва дарахтҳоро чаппа кунад. Наҷотдиҳандагон бисёре аз сокинонро аз болои боми хонаҳои зериобмонда берун кашиданд.

Аксҳо аз хисороти сели Олмонро дар нигористони зер бубинед:

Дар вилоятҳои Норт Рейн Вестфалия ва Райнланд-Палатин кӯчонидани дастҷамъии сокинони манотиқи офатзада ҷараён дорад. Гуфта мешавад, дар давоми даҳсолаҳо Олмон бо чунин офати табиӣ рӯ ба рӯ нашуда буд. Дар натиҷаи борону сели соли 2002-юм дар ин кишвар 21 кас ба ҳалокат расида буданд.

Рӯзи 16-уми июл дар ноҳияи Эрштади канори шаҳри Кёлн чандин манзил чаппа шуд. Гурӯҳҳои наҷот талош намуданд, аз бозгашти сокинон ба хонаҳояшон ҷилавгирӣ кунанд. Роҳҳои вайрон ва қатъи алоқаи интернетиву мобилӣ ба пешбурди амалиёти наҷот халал мерасонад.

Вазири корҳои дохилии Олмон Ҳорст Сиҳофер мегӯяд, ҳукумати федеролӣ тасмим дорад, ба зудтарин фурсат ба сокинони манотиқи офатзада ёрии молӣ расонад. Миқдори он 21-уми июл дар ҷаласаи ҳукумати федералӣ тасдиқ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони Белгия хабар дод, ки борону обхезӣ ҳаёти камаш дувоздаҳ сокини ин кишварро аз байн бурдааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG