Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ ворид кардани рӯзноманигоронро ба рӯйхати "агенти хориҷӣ" маҳкум мекунад


Дафтари Радиои Озодӣ дар Маскав, моҳи апрели 2021
Дафтари Радиои Озодӣ дар Маскав, моҳи апрели 2021

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз қарори Вазорати адлияи Русия дар робита ба шомил кардани рӯзноманигори Бахши русии Радиои Озодӣ Елизавета Маетная ба рӯйхати "агенти хориҷӣ" нигарон аст.

"Кормандони мо - дӯстдорони воқеии Русия ҳастанд, ки ҳунари касбии худро барои таъмини ҷомеа бо хабарҳои бетарафона ва санҷидашуда сарф мекунанд. Ҳамлаҳои рӯзафзуни Кремл ба рӯзноманигорони мустақил русиягиҳоро аз иттилои зарурӣ дар лаҳзаҳои ҳассос маҳрум мегардонад", - гуфт Флай.

Ба ҷуз аз Маетная рӯзи 15-уми июл ҳафт тани дигар аз рӯзноманигорони Русия аз расонаҳои мухталиф шомили рӯйхати "агенти хориҷӣ" шуданд.

Ба рӯйхати расонаҳои "агенти хориҷӣ" дар Русия айни замон 28 шахси воқеӣ ва расонаҳо шомил аст, ки аз онҳо 10 тарҳи русии Радиои Озодӣ ва чаҳор ҳамкори Бахши русии Радиои Озодӣ ҳастанд.

Радиои Озодӣ қонун дар бораи расонаҳоро дар Русия, ки заминаи "агентҳои хориҷӣ" гаштааст, таъқибкунанда меномад.

XS
SM
MD
LG