Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ: Дар ҷаҳон мавҷи севуми вабои коронавирус сар задааст


Лондон, моҳи июли 2021
Лондон, моҳи июли 2021

Дунё дар остонаи мавҷи севуми вабои COVID-19 қарор дорад. Дар ин бора мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, Тедрос Аданом Гебрейесус, хабар дод.

Вай гуфт, чаҳор ҳафта пайи ҳам теъдоди гирифторони коронавирус дар саросари дунё меафзояд ва шумори фавтидагон низ дар ҳоли зиёд шудан аст.

Яке аз сабабҳои афзоиши гирифторонро СҶТ дар навъи "делта"-и коронавирус мебинад, ки дар 111 кишвар паҳн шудааст. Интизор меравад, ин навъи коронавирус ба навъи асосии коронавирус табдил шавад.

Гебрейесус ба масъалаи тақсими нодурусти ваксина байни кишварҳо таваҷҷуҳ кард - ба далели камбуди ваксина қисми бештари аҳолии дунё дар баробари вабо осебпазир мешавад.

Роҳбари СҶТ даъват кард, ки ҳадди ақал то моҳи сентябр 10 дарсади аҳолии ҳар кадом кишвар, то охири сол 40 дарсад ва то миёнаҳои соли оянда 70 дарсади аҳолии ҳар кишвар ваксина зада шаванд. Барои ин ҳадаф 11 миллиард вояи ваксина зарур аст.

Аз ибтидои вабои коронавирус дар саросари дунё бештар аз 187 миллион кас ба коронавирус мубтало шудааст. Дар умум, бештар аз 4 миллион кас аз ин вабо фавтидааст.

XS
SM
MD
LG