Муовини аввали раиси Идораи мусулмонони Узбекистон Ҳомиҷон Ишматбеков 13-уми июл дар як ҳамоиш гуфт, мусулмонон ваксинаи зидди коронавирусро бояд ҳамчун раҳмати Худованд, ки ҷони онҳоро ҳифз мекунад, қабул кунанд.
Ишматбеков мегӯяд, шахсони зиёде ба идораи онҳо шикоят кардаанд, ки ваксинаҳои зидди коронавирус аз маводи ноҷоиз ё ба истилоҳ, "ҳаром" сохта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто дар сурати ҳақиқат доштани ин фарзияҳо бояд қоидаро риоя кард, ки тибқи он, "таркиби як мавод дар ҳолати омехта шудан ба маводи дигар тағйир хоҳад ёфт".
"Бино бар ин, набояд ба ин чиз аҳамият диҳед. Мо хулоса баровардем, ки агар мутахассисон онро ҳамчун дору навишта бошанд, пас, истифодаи он ҷоиз ё "ҳалол" хоҳад шуд", - изҳор доштааст Ишматбеков.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, то кунун беш аз 900 ҳазор сокини он кишвар зидди коронавирус эм шудааст.