Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар назди консулгарии Чин дар Алмато дубора оғоз шуд


Занони эътирозгар
Занони эътирозгар

Гурӯҳе аз сокинони Қазоқистон, ки Нурсултони расмиро ба ҳимоят аз қазоқтаборон дар минтақаи Шинҷон даъват мекунанд, 13-уми июл дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмато бо талаби раҳоии наздиконашон эътироз карданд.

Иштирокдорони тазоҳуроти бидуни муҳлат, ки аз моҳи феврали имсол ба ин сӯ бо талаби раҳоии қазоқтаборон дар Шинҷони Чин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор мекарданд, дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Қазоқистон танаффуси 12-рӯза эълом карда буданд.

Рӯзи сешанбе дар назди консулгарии Чин дар Алмато дубора панҷ нафар ҷамъ шуда, дар даст акси наздикони худро доштанд, ки гуё дар Чин боздошт шудаанд. Эътирозгарон аз Пекин даъват карданд, ки наздиконашонро озод кунад.

"Мо аз мубориза даст намекашем, ҳақ дорем, озодона ҳарф занем. Мо зидди мақомоти Қазоқистон баромад карданӣ нестем. Наздиконамонро қонунӣ ҷустуҷӯ дорем. Ба назари ман, моро танҳо барои он ки наздикони худро меҷӯем, ҷарима ё ҳабс кардан кори нодуруст аст. Шахсан ман модар ва ду бародари хурдамро меҷӯям. То онҳоро наёбам, аз эътироз даст намекашам", - гуфт яке аз эътирозгарон Акикат Калиолла.

Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 8-уми феврали соли ҷорӣ шурӯъ шуд. Бархе аз онҳо мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд".

Иддае дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG