Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар бемористони Ироқ ҷони беш аз 50 касро рабуд


Моҳи апрели имсол дар таркиши зарфи кислород дар бемористони мубталоёни коронавирус дар Бағдод камаш 82 нафар ҷон бохта буд
Моҳи апрели имсол дар таркиши зарфи кислород дар бемористони мубталоёни коронавирус дар Бағдод камаш 82 нафар ҷон бохта буд

Дар натиҷаи сӯхтор дар бахши табобати мубталоёни коронавирус дар бемористони шаҳри Носирияи Ироқ ба камияш 52 кас ҷон бохтааст. Ба эҳтимоли зиёд сӯхтор дар пайи таркиши зарфи кислород ба амал омадааст.

Ҳайдар аз-Замилӣ, сухангӯи Идораи тандурустии Ироқ 13-уми июл гуфт, дар ин сӯхтор 22 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки гуё дар дохили бино, дар зери харобаҳо одамони дигар низ дармондаанд.

Хадамоти матбуотии сарвазири Ироқ Мустафо ал-Козимӣ хабар дода, ки раиси ҳукумати он кишвар дар мавриди ҳодиса ҷаласаи фаврӣ баргузор карда, ба боздошти раҳбарони як қатор ниҳодҳои тандурустӣ ва дифои маданӣ бо шумули мудири бахши бемористон дастур додааст.

Моҳи апрели имсол дар натиҷаи таркиши зарфи кислород дар бемористони табобати мубталоёни коронавирус дар шаҳри Бағдод камаш 82 нафар ҷон бохта, 110 каси дигар захмӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG