Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 20 ҳазор кас дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ доранд


Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Қирғизистон 4 ҳазору 554 минтақае мавҷуд аст, ки омадани ярч дар онҳо аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора рӯзи 12 июл Урматбек Шамирканов, муовини вазири ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар дод.

"Аз маҷмуи минтақаҳои хатарнок 1186 минтақа ба нуқтаҳои аҳолинишин ва дигар биноҳо таҳдид мекунад. 93 дарсади ин минатқаҳо дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод ҷойгир ҳастанд. Дар минтақаҳои хатарнок 543 нуқтаи аҳолнишин ва 320 иншооти дигар мавҷуд аст. Дар онҳо 20 ҳазор кас зиндагӣ дорад", - гуфт Шамирканов.

Қирғизистон аз Бонки рушди Осиё барои кам кардани хатари минтақаҳои офатзо 35 миллион доллар дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG