Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шералӣ Абдулқайсов дар бемористон даргузашт


Шералӣ Абдулқайсов
Шералӣ Абдулқайсов

Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл дар 70-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ӯ чанд вақт боз дар шифохонаи Қарияи Болои Душанбе бистарӣ буд.

Ӯ яке аз пайравони мактаби ҳунарманди маъруф Маҳмудҷон Воҳидов буд ва бо намоиши "Масалҳои Эзоп" дар жанри театри як бозигар ва яке аз нақшҳои асосӣ дар филми "Марди роҳ"-и Давлат Худоназаров дар солҳои 1980 шуҳрат ёфт.

Абдулқайсов бо ҳунарнамоӣ дар саҳна иктифо намекард, балки пайваста дар масоили муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ низ ибрози назар мекард. Ӯ бештар дар бораи фақри фарҳангӣ дар кишвар меандешид.

Аз ҷумла дар яке аз суҳбатҳои пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “дар давраи бӯҳрони маънавӣ бе пул кор кардани театр лозим аст. Аммо бо ин вуҷуд иллат дар дигар чиз ҳаст. Мардум барои меъда беҳтарин ғизоро интихоб мекунанду 30 сомонӣ ва аз он зиёдро дареғ намедоранд, аммо барои ғизои маънавӣ 3 сомониро гарон гуфтан чӣ маъно дорад?”

Дар ҷойи дигар чунин изҳори андеша карда буд: "Шикамро низ маърифат, фарҳанг, илму дониш пур мекунад. Банда фалсафаи қашшоқиро дар қашшоқии фалсафа мебинам. Одам аз лиҳози маънавиёт ҳар қадар ғофил бимонад, ҳамон андоза ба нестиву марг мубтало мегардад."

Шералӣ Абдулқайсов зодаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон буда, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷиикстонро хатм кардааст. Аз соли 1973 то лаҳзаи охир дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард.

Дар намоишномаҳои “Эдип”, “Ромео ва Ҷулетта”, “Алломаи Адҳам”, “Ревизор”, “Лавҳаи инқилобӣ” ва филмҳои ҳунарии “Марди роҳ”, “Субҳи ҷавонии ман”, “Падари маҳтобӣ” ва “Мусофир” нақш офаридааст.

XS
SM
MD
LG