Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар заминларзаи Рашт 16 кас маҷрӯҳ шудаанд


Маҳалли заминларза, ноҳияи Тоҷикобод, 10-уми июли 2021
Маҳалли заминларза, ноҳияи Тоҷикобод, 10-уми июли 2021

Мақомоти Тоҷикистон омори охирини зарар аз заминларза дар минтақаи Раштро эълон карданд.

Бино ба эъломияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар пайи заминларзаи 10-уми июл панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор наврас ҷон бохта, 16 кас захмӣ шудаанд.

Тибқи ҳисобҳои пешакии мақомот, заминларза танҳо дар ҷамоати Лангари ноҳияи Тоҷикобод ба 29 хона зарар расондааст. Аз ин 7 хона пурра ва боқӣ манзилҳо қисман хароб шудааст.

Заминларза инчунин 14 хонаро дар ноҳияи Рашт пурра хароб карда, ба манзили 131 нафар қисман осеб расондааст. Ба ҷуз аз ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт манзили як сокини ноҳияи Сангвор ҳам дар заминларза хароб шуда, хонаи як бошандаи дигари ноҳия қисман зарар дидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар хабарномае гуфт, "дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҷумҳуриявӣ кор мекунад." Иттилои бештар аз минтақаи Рашт феълан дастрас нест, аммо сокинони офатзада дар гузашта борҳо аз дарёфт нашудани кумаки зарурӣ дар чунин вазъият шикоят карда буданд.

Заминларзаи сахт субҳи 10-уми июл бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистонро такон дод. Сокинон гуфтанд, ларзиши заминро дар Душанбе ҳам эҳсос карданд.

Ба иттилои бахши зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларза дар 20-километрии маркази ноҳияи Рашт ба вуқӯъ омадааст. Шиддати зилзила аз рӯи ҷадвали Рихтер 5,9 дараҷа (бал) гуфта мешавад.

Акс аз ҷойи ҳодиса
Акс аз ҷойи ҳодиса
XS
SM
MD
LG