Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи таҷовузи хонандаи 7-сола дар яке аз мактабҳои Қазоқистон


Тасвир аз бойгонӣ
Тасвир аз бойгонӣ

Пулиси Оқтеппаи Қазоқистон таҷовуз шудани як хонандаи 7-соларо дар мактаб таҳқиқ дорад. Мудири мактаб ва муовини ӯ оид ба тарбия барканор шудаанд.

"Муфаттишон натиҷаи ташхиси тиббиву додгоҳиро мунтазир ҳастанд. Агар он исбот кунад, ки таҷовуз шудааст, ба зидди мудири мактаб чораи дигар андешида хоҳад шуд", - гуфт мудири маорифи вилояти Оқтеппа Жолдас Батирхон.

Ба гуфтаи Батирхон, охирҳои моҳи марти соли равон модарбузурге ба раҳбарияти мактаб шикоят карда, гуфтааст, ки набераи ӯро "ғам медиҳанд". Ӯ ду рӯз баъд ба пулис дар бораи таҷовуз шудани наберааш дар мактаб шикоят кардааст.

Дар ҳоли ҳозир раиси кумитаи ҳимоят аз кӯдакон дар назди Вазорати маорифи Қазоқистон Есенгазӣ Имангалиев дар Оқтеппа қарор дорад.

"Идораи маорифи Оқтеппа ба таври лозим ба шикояти наздикони хонанда таваҷҷуҳ накардааст ва аз рух додани ҳодиса низ ба вазорат хабар надод. Идораи маориф вазифадор аст, ки аз вазъи ҳар як кӯдак дар мактаб огаҳ бошад", - афзуд ӯ.

Пулис дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди "Таҷовуз" парванда боз карда, бо кӯдак равоншиноси мустақил кор мекунад.

XS
SM
MD
LG