Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Амалиёти низомиёни Амрико дар Афғонистон 31 август ба поён мерасад


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 8-уми июл гуфт, ки новобаста ба хавфи сар задани ҷанги шаҳрвандӣ амалиёти низомиёни Амрико дар Афғонистон 31-уми август ба поён мерасад. Ӯ афзуд, мардум афғон бояд худаш муайян кунад, ки чӣ гуна умури Афғонистон пеш бурда шавад.

"Мо ба онҷо барои бунёди давлат нарафтаем. Ин ҳақ ва масъулияти танҳо мардуми афғон аст, ки кишварашро чӣ гуна дидан мехоҳад", -- афзуд ӯ.

Байден ба таври муфассал ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Раҳбари Амрико таъкид кард, ки ҳазорҳо тарҷумони афғон ҳам то 31-уми август аз Афғонистон берун бароварда мешаванд. Байден хотирнишон кард, ки то имрӯз 2500 тарҷумон раводиди сафар дарёфт намудаанд.

Ҳафтаи гузашта нерӯҳои Амрико пойгоҳи Багроми канори шаҳри Кобулро, ки муҳимтарин қароргоҳашон буд, тарк карданд.

Вазорати мудофиаи Амрико мегӯяд, аллакай 90 дар сади нерӯҳояш аз Афғонистон берун бароварда шудаанд.

Ҳафтаи гузашта генерал Остин Миллер, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон гуфта буд, ки эҳтимол дар Афғонистон ҷанги шаҳрвандӣ сар занад.

XS
SM
MD
LG