Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баҳс мешавад


Ашраф Ғанӣ ва Шавкат Мирзиёев, раҳбарони Афғонистону Узбекистон
Ашраф Ғанӣ ва Шавкат Мирзиёев, раҳбарони Афғонистону Узбекистон

Рӯзҳои 15-16-уми июли имсол дар Тошканд, пойтахти Узбекистон, конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи дуҷонибаи минтақавӣ. Хатарҳо ва имконҳо" баргузор мешавад.

Тавре хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ додааст, нишаст бо ташаббуси раисҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад.

Ҳадафи асосии ҳамоиш тақвияти робитаҳои таърихии наздик, дӯстӣ, боварӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба манфиати мардуму давлатҳои ду минтақа мебошад.

Қарор аст, дар нишаст раҳбарони Узбекистону Афғонистон, сарвазири Покистон, вазирони умури хориҷиву намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ниҳодҳои ҷаҳонии молӣ ва марказҳои бонуфузи таҳлиливу таҳқиқотӣ иштирок кунанд.

Иштирокдорони ҳамоиш имкони пешбурди ташаббусҳоеро баррасӣ хоҳанд кард, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ, ҳамлу нақл, фарҳангӣ ва башардӯстона дар доираи таҳкими минбаъдаи робитаҳои минтақавӣ равона шудаанд.

XS
SM
MD
LG