Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбар ба қатли духтари ҳаштсоларо дар ҷойи ҳодиса бозпурсӣ кардаанд


Ҳамсояи Руфайдо бо гумони таҷовуз ва қатли ӯ боздошт шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Дар ин гузориши видеоӣ пайвандони Руфайда тафсилоти ҳодисаро нақл карданд

Пас аз панҷ рӯзи қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола гумонбари асосӣ ба муфаттишон нишон додааст, ки чӣ гуна ҳодиса иттифоқ афтод, вале маълум нест, таҳти чӣ шароит суҳбат кардааст.

Руфайда рӯзи 4-уми июл дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ нопадид шуд. Наздиконаш гуфтанд, баъд аз як рӯз ҷасади сар аз тан ҷудои ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд.

Дар қатли ӯ Раҳматулло Гадоеви сисола гумонбар аст. То ин дам пайвандони ӯ дар бораи ҳодиса суҳбат намекунанд. Валиҷон Иноятов, падари Руфайда, рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бозпурсии гумонбар дар маҳалли ҳодиса рӯзи панҷшанбе сурат гирифт, вале ба онҳо иҷозат надоданд, ки ба ӯ наздик шаванд.

Мақомоти милиса ба ҷуз аз хабари боздошти гумонбар ҷузъиёт намедиҳанд. Дақиқ нест, ӯ дар бозпурсиҳо чӣ гуфтааст. Навори чунин бозпурсиҳо, ки маълум нест таҳти чӣ шароите сабт мешаванд, дар телевизионҳои давлатӣ пахш хоҳад шуд.

Қатли духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоиро нигарон кардааст. Онҳо талаб доранд, ки гунаҳкор ҷазои сахт гирад ва айни замон муҷозот барои озори ноболиғон шадидтар шавад. Мақомот мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Ин воқеа дар Тоҷикистон камсобиқа аст, аммо баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ куштори Руфайдаро ба ҳодисаи Ҳувайдо Тиллозода монанд карданд.

Ҳувайдои 5-сола аз Кӯлоб се сол пеш дар шаҳри Серпуховои Русия аз сӯи як ҳамсояаш таҷовуз ва кушта шуд. Ҳарчанд бо гузашти се сол то ҳол гумонбари асосӣ дар қатли ноболиғ ба зиндон маҳкум нашудааст.

XS
SM
MD
LG