Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар баландошёнаи зисти Туркманобод: ду ошёна фурӯ рехтааст


Биное, ки таркидааст.
Биное, ки таркидааст.

Дар яке аз биноҳои баландошёнаи зисти шаҳри Туркманободи Туркманистон 6 июл таркиш ба амал омадааст.

Бино ба хабари turkmen.news, таркиш наздикии соатҳои 7-и субҳи 6 июл дар бинои №43, воқеъ дар маҳаллаи Гагарини Туркманобод рух дода, дар натиҷа ду ошёна фурӯ рехтааст.

Расонаи "Хроника Туркменистана" видеоеро аз шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, эҳтимол меравад, дар маҳалли таркиш бардошта шудааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, таркиш дар натиҷаи хуруҷи газ ба амал омадааст.

"Хроника Туркменистана" бо истинод ба манобеи худ иттилоъ дода, ки дар натиҷаи таркиш чандин кас ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG