Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Ҳаитӣ Жовенел Моизро дар хонааш паронданд


Президенти Ҳаитӣ Жовенел Моиз
Президенти Ҳаитӣ Жовенел Моиз

Шахсони номаълум президенти Ҳаитӣ Жовенел Моизро дар манзили зисташ парондаанд. Сарвазири пешин Клод Жозеф хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир вазифаҳои президенти Ҳаитиро муваққатан ӯ анҷом медиҳад.

Клод Жозеф рӯзи душанбе аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Ариэл Анрӣ раиси ҳукумати он кишвар таъйин шуда буд. Худи Анрӣ вазъро то ҳол шарҳ надодааст.

Ҳаитӣ яке аз фақиртарин давлатҳои ҷаҳон аст ва ҳукумати он кишварро барои ҷорӣ карда натавонистани тартибот дар кӯчаҳо, ки аз сӯи гуруҳҳои мусаллаҳ идора мешаванд, танқид мекунанд.

Моизи 53-сола дар натиҷаи интихоботе президенти Ҳаитӣ эълом гашт, ки даври аввали он соли 2015 ва даври дувумаш соли 2016 баргузор гашт.

XS
SM
MD
LG