Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ҳайатҳои ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон дар Эрон


"Майдони Озодӣ", Теҳрон
"Майдони Озодӣ", Теҳрон

Вазорати корҳои хориҷии Эрон аз оғози гуфтугӯҳои байни афғонӣ бо иштироки намояндагони давлати Афғонистон ва гуруҳи Толибон дар Теҳрон хабар дод.

Бар асоси эъломияи вазорат, Юнус Қонунӣ, раиси пешини порлумони Афғонистон, раёсати ҳайати ин кишвар ва Муҳамадаббос Станакзай, муовини дафтари сиёсии Толибон раҳбарии ҳайати ин ҷунбишро ба дӯш доранд.

Дар эъломия гуфта шудааст, Муҳамадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, дар суханронии худ дар нишасти 7-уми июл гуфтааст, мардуму раҳбарони сиёсии Афғонистон бояд барои ояндаи кишвари худ тасмимҳои душвор бигиранд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни Толибон дар Твиттер навишт, ки ҳайати ин гурӯҳ дар нишасте бо ҳузури вазири корҳои хориҷии Эрон ва бархе аз шахсиятҳо аз Афғонистон иштирок кардааст.

Ба гуфтаи Муҷоҳид, сулҳу амният дар Афғонистону минтақа аз масоили мавриди баҳс аст, вале ҷузъиёт надодааст.

Нишасти рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳанӯз музокироти байни афғонҳо дар Қатар пас аз оғозаш дар моҳи сентябри соли гузашта сабаби коҳиши хушунатҳову барқарории оташбас дар Афғонистон нашудааст.

XS
SM
MD
LG