Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ба оилаҳои қурбониёни низои марзӣ бо Тоҷикистон ҷуброн пардохтанд


Манзили яке аз сокинони Бодканд пас аз ҷанҷоли марзӣ
Манзили яке аз сокинони Бодканд пас аз ҷанҷоли марзӣ

Мақомоти Қирғизистон ба 27 хонаводаи фавтидагон дар низои марзӣ бо Тоҷикистон ба маблағи 1 миллион сомӣ (наздик ба 118 ҳазор доллар) ҷуброн пардохтанд.

Ойбек Ҷунушалиев, муовини аввали раиси девони вазирони Қирғизистон рӯзи 6-уми июл гуфт, 67 хонаводаи дигар, ки манзилҳояшон дар он низоъ зиён дида буданд, аз 50 ҳазор то 1 миллион сомӣ ҷуброн дарёфт карданд.

Барои пӯшонидани ин харҷ аз буҷаи Қирғизистон 51 миллион сом ҷудо шудааст. Девони вазирони Қирғизистон миқдори зарари аз низои марзӣ расидаро 1,3 миллиард сом арзёбӣ карда буд.

Рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб кас куштаву захмӣ ва даҳҳо манзили зист сӯхтаву вайрон шуданд.

XS
SM
MD
LG