Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як талаби дигари Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон


Яке аз фурудгоҳҳои Русия
Яке аз фурудгоҳҳои Русия

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз 10-уми июл ҳангоми рафтан ба Русия бояд ташхиси коронавирусро на тавассути маълумотномаи варақӣ, балки тариқи барномаи мобилии “Сафар бидуни COVID-19" тасдиқ кунанд. Ин қарорро “Роспотребнадзор" нашр кардааст. Барнома дар Play Market маҳфуз аст. Пас аз насби он дар телефонҳои ҳамроҳ, шаҳрвандон номи кишвареро бояд нависанд, ки ба онҷо сафар карданӣ ҳастанд, яъне Русия. Дар онҷо ба сокинон суроғаи ташхисгоҳе нишон дода мешавад, ки бояд аз санҷиш гузаранд. Агар ташхис манфӣ баромад, ба телефон QR-коди сабз фиристода мешавад ва ҳамонро бояд ҳангоми ворид шудан ба Русия нишон бидиҳед. Ташхис бояд на дертар аз се рӯз қабл аз сафар ба Русия супорида шавад.

XS
SM
MD
LG