Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон аз камбуди барқ


Аз бойгонӣ
Аз бойгонӣ

Cокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон аз камбуди барқ дар як ҳафтаи охир шикоят доранд. Аз ҷумла, чанд корбари Радиои Озодӣ аз деҳаҳои Ҳисор дар бораи аз соати яки рӯз то ҳашти бегоҳ набудани барқ хабар доданд. Чунин вазъият дар вилояти Суғд низ ҷой дорад. Мардуми чанд ноҳия дар шимоли Тоҷикистон, ба мисли Ашту Деваштич, гуфтанд, рӯзона чанд соат аз нерӯи барқ маҳруманд. Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Аҳмадзода, раиси шабакаҳои барқи Суғд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” камбуди барқро тасдиқ карда, онро ба гармии ҳаво рабт додааст. Ба қавли мусоҳиби хабаргузорӣ, "трансформаторҳои зеристгоҳҳо якбора гарм шуда, хатарҳоро ба вуҷуд меорад ва барои пешгирӣ аз корношоямӣ барқ хомӯш карда мешавад." Ӯ афзудааст, дар сурати паст шудани гармии ҳаво, эҳтимол маҳдудияти барқ бардошта шавад. Маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои мардум дар тобистон дар ҳолест, ки дар се фасли дигар аксари сокинон бинобар яхбанидиву камбуди об дар обанборҳо бо "лимит" ё маҳдудият нерӯи барқ мегиранд.

XS
SM
MD
LG