Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти узбекистониҳое, ки роҳи оҳанро бастанд


Сездаҳ сокини ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарёи Узбекистон ба хотири бастани роҳи оҳане, ки аз он қатораи Афросиёб мегузарад, муҷозот шуданд.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, додгоҳ 9 нафарро ба муҳлати 15- шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ ва чаҳор тани дигарро 1 715 000-сӯмӣ ($160) ҷарима кардааст.

"Мардум дар ин вазъ метарсанд, ки дар бораи мушкили худ ҳарф зананд. Мо мушкили барқ дорем ва он ҳанӯз ҳам боқист. Магар мо бо ин мушкилиҳо бояд зиндагӣ кунем, то мардум муҷозот нашаванд?", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханони як сокини маҳаллӣ.

Гуруҳе аз сокинони Чироқчӣ 7 июни имсол дар эътироз ба қатъ шудани неруи барқ роҳи оҳанро бастанд. Раиси ноҳия тақрибан 28 дақиқа қабл аз омадани қатора ба маҳалли ҳодиса рафта, сокинонро ба деҳа баргардонд. Дертар хабар доданд, ки 13 эътирозгар ба додгоҳ даъват шуданд.

XS
SM
MD
LG