Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дубора ваксинаи AstraZeneca меорад


Интизор меравад, дар нимаи дуюми моҳи август бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» (192 ҳазор воя) ба Тоҷикистон оварда шавад.

Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустӣ, ба хабаргузории «Ховар» иттилоъ додааст. Наврӯз Ҷаъфаров афзудааст, ҳоло маъракаи эмгузаронӣ идома дошта, беш аз 300 ҳазор нафар ба зидди бемории COVID-19 ваксина гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазори онҳоро сокинони Душанбе ташкил медиҳанд.

Ҳафтаи гузашта Тоҷикистон аз Амрико барои дарёфти ваксинаҳои Pfizer ва Moderna ёрӣ хоста буд. То имрӯз кишвар аз ягон давлат ваксинаи зидди COVID-19 нахаридааст.

492 ҳазор воя ваксинаҳое, ки Тоҷикистон аз Ҳиндустону Чин ворид кард, ройгон мебошанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл гирифтории 26 тан ба коронавирус ва марги ду каси дигарро аз ин беморӣ тасдиқ кард, вале ному насаб ва синни онҳоро нагуфт. Дар умум, ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон аз бемории ҳамагир 95 кас ҷони худро аз даст додаанд. Манобеи ғайрирасмӣ шумори фавтидагонро бештар аз ин медонанд.

XS
SM
MD
LG