Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази обу ҳавошиносӣ гуфт, ҳарорат то 48 дараҷа мерасад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маркази обу ҳавосанҷӣ мегӯяд, ин ҳафта дар Тоҷикистон гармии ҳаво то 48 дараҷа боло хоҳад рафт. Ба иттилои манбаъ, аз 6 то 10-уми июл дар водиҳо ҳарорат 39-44 ва дар ҷануби кишвар аз 45 то 48 дараҷа хоҳад буд. Вобаста ба ин, баландшавии сатҳи об дар дарёҳои Панҷу Вахш ва Зарафшон дар назар аст. Дар пойтахт вазидани шамоли сахт пешгӯйӣ шудааст. Моҳи гузашта шамоли сахт дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боис ба шикаста шудани дарахтҳо ва дар Душанбе сабаби канда шудани боми баъзе аз биноҳои истиқоматӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG