Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон баргузории чорабиниҳои оммавиро маҳдуд карданд


Маросими арӯсӣ дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Маросими арӯсӣ дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Узбекистон баргузории чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд шуд. Дар ин бора аз Вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар иттилоъ доданд.

Ба ин тартиб, баргузории чорабиниҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ, консертҳо, фестивалҳо, барномаҳои синамоиву театрӣ маҳдуд шуданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ бидуни ширкати мухлисон баргузор мешаванд.

Шуруъ аз 1-уми август дар ҳудуди Узбекистон назорати беҳдоштии баргузории туйҳо, маросими дафн ва дигар маъракаҳои хонаводагӣ низ сахттар мешавад.

Ҳафтаи гузашта Комисияи махсуси мубориза бо вабои коронавирус дар Узбекистон тасмим гирифт, аз 28 июн то 12 июл маҳдудиятҳои карантинӣ ҷорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG