Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литва нерӯҳои мухолифини Беларусро ба расмият шинохт


Светлана Тихановская
Светлана Тихановская

Ҳукумати Литва нерӯҳои мухолифини Беларусро ба раҳбарии Светлана Тихановская ба расмият шинохт. Бар иловаи Тихановская шуморе аз мухолифони режими Александр Лукашенко низ дар хориҷ ба сар мебаранд.

Вазири корҳои хориҷии Литва рӯзи 5-уми июл гуфт, умедвор аст, садои оппозитсиюни Беларус шунида хоҳад шуд, вале афзуд, “онҳо монанди маъмуриятҳои дипломатӣ имтиёзҳои комил нахоҳанд дошт”.

Литва хостори ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар ба зидди режими Лукашенко дар Беларус шудааст. Лукашенко дар вокуниш гуфтааст, “ин ҳама сустии ҳукуматҳоро нишон медиҳад”

Вай илова кардааст, ки дар ивази таҳримҳо назораташро бар сарҳад коҳиш хоҳад дод, то боис ба сарозер шудани муҳоҷирон ба кишварҳои аврупоӣ шавад.

Литва пеш аз ин ҳам бо буҳрони муҳоҷиратҳои ғайриқонунӣ дар марзҳои ин кишвар рӯ ба рӯ буд. Ин вазъият ҳукумати Литваро водошт, ки вазъияти изтирорӣ эълом кунад.

Шӯрои Аврупо ҳам ба хотири ин ки Беларус марзҳояшро ба рӯйи паноҳҷӯён боз гузоштааст, асабонӣ аст.

Пас аз он ки Лукашенко дар натиҷаи интихоботи моҳи августи соли гузашта як бори дигар баранда эълом шуд, бисёре аз мардум дар Беларус эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG