Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон манъи содироти чорворо бекор мекунад


Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Аз 8-уми июли соли 2021 қарори манъи баровардани чорво аз Қирғизистон бекор карда мешавад. Дар ин бора Роҳатбек Иброев, як намояндаи Вазорати кишоварзӣ, захираи об ва рушди минтақаҳои Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, бекор кардани фармони манъи содирот ба далели кам будани хӯроки чорво ҷорӣ шуда буд. "Аммо баровардани алаф, комбикорм, ҷуворимакка ва юнучқа ба хориҷ ҳамоно манъ аст", - гуфт Иброев.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз 19 ноябри соли 2020 бо ҳадафи таъмини амнияти хӯроки чорво дар кишвар содироти чорворо ба хориҷ манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG