Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрасеро, ки "ҳукми сафед" содир карда буд, муҳокима мекунанд


Бинои додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Додрасе, ки як сокини вилояти Суғдро "сафед" карда буд, аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба нақзи интизомӣ корӣ, муттаҳам шудааст. Бар асоси санадҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, Додгоҳи олӣ нисбат ба Рустам Саидаҳмадзода, додраси ноҳияи Бобҷон Ғафуров "парвандаи интизомӣ" боз кардааст.

Афзал Маҷидӣ, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ин додрас ӯро охири моҳи май бегуноҳ дониста буд, мегӯяд, зери фишори мақомоти тафтишотӣ қарор дорад ва парвандаашро аз сар баррасӣ мекунанд. Дар ҳукми додгоҳ дар охири моҳи май, гуфта мешавад, Афзал Маҷидӣ "бинобар дар кирдораш мавҷуд набудани аломати таркиби ҷиноят, сафед карда шавад".

Маҷидӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додситонии нақлиёт, ки бар зидди ӯ парванда боз карда буд, ба зинаи болоӣ, яъне додгоҳи вилояти Суғд арз карда, хостааст, "ҳукми сафед"-и ӯ, ки додгоҳи Бобоҷон Ғафуров боз кард, бозбинӣ шавад.

Додгоҳ дархости Додситонии нақлиётро пазируфтааст ва дар огоҳномае, ки ба Маҷидӣ додаанд, ӯро "макумшуда" навиштаанд. Ҳол он, ки ба гуфтаи Маҷидӣ, гуноҳи ӯ дар додгоҳ исбот нашуд ва ӯ маҳкумшуда нест. Ӯ мегӯяд, аз оғоз "маҳкумшуда" номбар шуданаш бетарафӣ ва беғаразии додгоҳро зери суол мебарад.

ЧАРО МАҶИДӢ БА ҚАЛЛОБӢ МУТТАҲАМ ШУД?

Қазия аз он оғоз шуд, ки аввали имсол Додситонии нақлиёт Афзал Маҷидиро ба "қаллобӣ" айбдор кард. Ӯро гуфтанд, ки ҳангоми хариди билети ҳавопаймоии сафар аз Дубай ба Душанбе, рафтори хилофи қонун кардааст. Замоне, ки Маҷидӣ дар Дубай қарор дошт, аз корманди ширкати "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар Душанбе дархост кардааст, ки муҳлати билети ӯро тамдид кунад, аммо ин корманд ба ҷои иваз, билети ӯро комилан нав мекунад ва аз ӯ мехоҳад, пули онро пардохт кунад.

Ба гуфтаи Маҷидӣ, баҳси ӯ бо билетфурӯш ин буд, ки набояд ба ӯ билети нав медод, балки санаи билеташро иваз мекард. Моҳи феврали соли 2021 вақте Маҷидӣ аз шаҳри Дубай баргашт, мақомот ӯро дар фурудгоҳ боздошт карда, ба қаллобӣ айбдор намуданд.​

ДОДРАС ҲУКМИ САФЕД СОДИР КАРДУ ЗЕРИ ФИШОР МОНД...

Бар асоси санадҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, аъмоли додраси додгоҳи Бобоҷон Ғафурови Суғд, ки ба ибораи додситонҳо "делои прокурорро гардондааст", мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Рустам Саидаҳмадзода, додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як номаи шикоятӣ, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба унвонии Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи президент ва Юсуф Раҳмон, Додситони кулл навиштааст, Бобур Олимов, додситони нақлиёт рӯзи 2-уми июн беиҷозат вориди утоқи ӯ шуда, талаб кардааст, ки то нусхаи ҳукм ба ӯ дода нашавад, утоқи кориро тарк намекунад. Саидаҳмадзода дар ин нома иддао кардааст, ки Олимов "дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард" ва нисбати ӯ "суханҳои қабеҳ" гуфтааст.

Додрас дар ин нома дархост кардаст, ки "барои хотима додан ба беэҳтиромии судя" нисбат ба Бобур Олимов чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Бобур Олимов, додситони нақлиёт, ки парвандаи Маҷидиро ӯ тафтиш кардааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳама арзу шикоят дар нисбати ӯ "мисли заказ (фармоишӣ) аст" ва афзуд, иддаои Саидаҳамадзода дар нисбати ӯ "тӯҳмат мебошад".

ДОДСИТОНИИ КУЛ ХОСТ, ДОДРАСРО ҶАЗО ДИҲАНД

Дар ҳамин ҳол, бо дархости Додситонии кул рӯзи 1-уми июл Додгоҳи олӣ нисбат ба додрас Саидаҳамадзода парвандаи интизомӣ боз кардааст ва коллегияи тахассусии Додгоҳи олӣ ҳамакнун кирдори Саидаҳамадзодаро баррасӣ хоҳад кард.

Додгоҳи олӣ гуфтааст, дар соли 2020 ва 5 моҳи соли 2021 панҷ қарори додрас аз сӯи зинаҳои дигар бекор шудаанд, ки аз "бемасъулиятии мунтазам ва вайронкунии дағалонаи талаботи қонунгузорӣ роҳ додани ӯ ҳангоми қабули қарорҳои судӣ шаҳодат медиҳад".

Дар панҷ қароре, ки Додгоҳи олӣ аз он ёдовар шудааст, додрас Саидаҳмадзода парвандаҳоро ба тафтишоти иловагӣ бозгардонида дар нисбати айбдоршавандаҳо ҳукме содир накардаст. Аммо тавре аз парвандаи бозкардаи Додгоҳи олӣ дар нисбати Саидаҳмадзода бармеояд, баъдан додситонҳо ба ин қарорҳои Саидаҳамадзода эътироз оварданд ва додрасҳои дигар ва ё додгоҳи зинаи болоӣ онро бекор карда аст.

Дар Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меафтад, ки додгоҳҳо ҳукми сафед содир кунанд. Барои мисол, Додгоҳи олии Тоҷикистон феврали соли 2020 гуфта буд, дар соли гузашта танҳо 10 нафарро бегуноҳ эълон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар додгоҳҳои кишвар наздики 11 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст.

ДАР ТОҶИКИСТОН ЧУНИН ШАХСОНРО ҚАБУЛ НАДОРАНД?

Тавре дар мисоли додрас Саидаҳамадзода дида мешавад, додрасҳое ҳам, ки мустақилона амал карда, ҳукми сафед содир мекунанд, зери фишор қарор мегиранд. Ҳол он, ки муотибқи қонунҳо, додрас шахси дахлнопазир аст ва бидуни ғараз парвандаро бояд баррасӣ ва аз рӯи қонун ҳукм содир кунад.

Аммо тавре як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ гуфт, "системаи судӣ ва мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон чунин шахсонро қабул надорад".

Масъалаи кам будани ҳукмҳои сафедкунанда дар Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мавриди интиқод карда гирифтааст. Адолатӣ судӣ аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад ва таҳлилгарон низ мегӯянд, бе тағйири куллӣ дар ин сохтор, набояд интизори натиҷаи беҳтар шуд.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегӯяд, додгоҳ дар асл бояд аз мақомоти тафтишотӣ авлавият дошта бошад, аммо дар Тоҷикистон баръакс аст. Ӯ гуфт: "Дар низоми судӣ тавре аз таҷрибаи давлатҳои ҳуқуқбунёд бармеояд, мақомоти суд аз болои мақомоти тафтишот ба мисли прокуратура, амният, бояд авлавият дошта бошад. Вале дар қонунгузории Тоҷикистон меъёре вуҷуд дорад, ки усули таҷзияи ҳокимияти давлатиро халалдор мекунад. Дар натиҷа, Додистонии кулли Тоҷикистон дар вилоятҳо раёсат ва шӯъбаҳои назорати суд таъсис додааст. Инро дар ҳолати мушахас ба манфиати худ истифода мекунад. Дар мақомоти қудратӣ бидуни муносибатҳои авлодӣ ва шиносбозӣ имкони кор кардан нест. Ин гуна муносибатҳо ба адолати судӣ мутаасифона таъсир мерасонанд"

Моҳи декабри соли 2020 Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (Иттиҳоди додрасҳои саршинос ва ҳуқуқшиносони ҷаҳон) дар гузорише гуфт, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад. Дар гузориши ин комиссиюн ҳам гуфта мешуд, ҳукумати иҷроия ба низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ошкоро дахолат мекунад.

Нуктаи дигаре, ки мустақил будани додрасҳоро, ба гуфтаи ин комиссия, зери соя мебарад, салоҳиятҳои беҳудуди раиси Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ дар таъини ҷазоҳои интизомӣ нисбат ба додрасҳо мебошад.

Муаллифони гузориш менависанд, раиси Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ мувофиқи қонунҳои амалкунанда нисбат ба ҳама додрасҳо метавонанд "парвандаи интизомӣ" оғоз кунанд. Ин салоҳият ба хулосаи ҳуқуқшиносон "беш аз ҳад аст ва ба мустақилии додрасҳо таъсир мерасонад."

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG