Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар вилояти Суғд як нафари айбдор ба қаллобиро "сафед" кардааст


Бинои додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бинои додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо як тасмими камсобиқа, “ҳукми сафед” содир кард ва айбдоршавандеаро аз ҷавобгарӣ раҳо намуд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон хеле кам “ҳукми сафед” содир мекунанд ва дар аксар маврид айбҳои дар парвандаи ҷиноӣ дарҷшударо ҷонибдорӣ мекунанд.

Ҳукми ғайриинтизори додгоҳ

Рустам Сайидаҳмадзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 27-уми май бо судури як ”ҳукми сафед” Афзал Маҷидӣ, сокини 32 солаи шаҳри Хуҷандро, ки бо “қаллобӣ” дар курсии айбдорӣ нишаста буд, аз ҷавобгарӣ озод кард.

Дар ҳукми додгоҳ, гуфта мешавад, Афзал Маҷидӣ “бинобар дар кирдораш мавҷуд набудани аломати таркиби ҷиноят, сафед карда шавад”.

Моҳи феврали соли равон Додситонии нақлиёт нисбат ба Маҷидӣ бо иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз карда буд, ки дар сурати тасдиқи айб дар додгоҳ, ба ӯ ҷаримаи ҳангуфт ва ё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекард.

Маҷидӣ рӯзи 27-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, асли қазия ба як доду гирифти ӯ бо як билетфурӯш марбут буд. Ӯ аз корманди “Агентии алоқаи ҳавоӣ” дархост кардааст, ки муҳлати билети ӯро тамдид кунад, аммо корманд ба ӯ билети нав медиҳад ва аз ӯ мехоҳад пули онро пардохт кунад. Ба гуфтаи Маҷидӣ, баҳси ӯ бо билетфурӯш ин буд, ки набояд ба ӯ билети нав медод, балки санаи билеташро иваз мекард. Ӯ гуфт, фурӯшандаи билет ҳам хостори ба додгоҳ кашондани ин кор набуд, аммо мақомот аз ин баҳс огоҳ шуда, дар заминаи ҳамин баҳси одии шаҳрвандӣ нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Маҷидӣ афзуд, дар додгоҳ қазияи ӯ холисона баррасӣ шуд ва бинобар тасдиқ нашудани фикри айбдорӣ, догоҳ ӯро сафед кард.

Аз 11 ҳазор 10 нафар бегуноҳ аст?

Дар Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меафтад, ки додгоҳҳо ҳукми сафед содир кунанд. Барои мисол, Додгоҳи олии Тоҷикистон феврали соли 2020 гуфта буд, дар соли гузашта танҳо 10 нафарро бегуноҳ эълон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар додгоҳҳои кишвар наздики 11 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст.

Масъалаи кам будани ҳукмҳои сафедкунанда дар Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мавриди интиқод карда гирифтааст. Адолатӣ судӣ аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад ва таҳлилгарон низ мегӯянд, бе тағйири куллӣ дар ин сохтор, набояд интизори натиҷаи беҳтар шуд.

Додрасҳои Тоҷикистонро барои он зиёд интиқод ва адолати додгоҳӣ дар кишварро баъзе таҳлилгарон зери суол мебаранд, ки дар курсиҳои айбдории додгоҳҳо нафарони ангуштшумор метавонанд бегуноҳии худро исбот намоянд.

XS
SM
MD
LG