Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон даргузашт


Саидамир Розиқзода, собиқ муовини Вазири дифои Тоҷикистон.

Генерал-майор Саидамир Розиқзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл дар сини 64-солагӣ даргузашт. Наздиконаш сабаби марги ӯро гирифторӣ ба COVID-19 медонанд. Мақомот дар бораи сабабҳои марги ӯ то ба ҳол расман иттилое надодаанд.

Нусратшоҳ Ҳусейнзода, яке аз шогирдони Саидамир Розиқзода субҳи 5-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "генерал-майор Саидамир Розиқзода ду ҳафта дар Беморхонаи сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва бегоҳии дирӯз аз бемории коронавирус даргузашт".

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, маросими ҷанозаи Саидамир Розиқзода 5-уми июл дар ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) баргузор мешавад. Саидамир Розиқзода бознишаста буд.

Хабарҳо аз фавти чеҳраҳои шинохта бар асари бемории COVID-19 дар ду ҳафтаи ахир бештар расонаӣ мешавад. Фарида Мансурова, аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаест, ки сабаби маргашро гирифторӣ ба COVID-19 медонанд. Рӯзи 1-уми июл Убайдулло Раҷабов, ҳаҷвнигори шинохта низ бо чунин нишонаҳо даргузашт. Баъди панҷ моҳи ба гуфтаи мақомот орӣ будани Тоҷикистон аз COVID-19, Вазорати тандурустӣ рӯзи 21-уми июн аз хуруҷи дубораи беморӣ дар кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ санаи 4 июл 28 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, то ҳол дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 597 нафар гирифтори COVID-19 шуда, аз ин 93 нафар фавтидаанд. Оморе, ки на ҳама ба он бовар доранд.

XS
SM
MD
LG