Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 663 нафар аз КОВИД-19 ҷон бохтанд


Яке аз бемористонҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз бемористонҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Русия рӯзи якшанбеи 4-уми июл эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 25 ҳазору 142 нафар дар ин кишвар ба КОВИД-19 гирифтор шуданд, ки баландтарин рақам аз аввалҳои моҳи январ то кунун ба шумор меравад. Рӯзи шанбе дар ин кишвар 697 нафар дар Русия аз ин беморӣ ҷон бохтанд.

Оморҳои расмии Русия нишон медиҳад, ки рӯзи якшанбе 663 нафар дар ин кишвар бар асари гирифторӣ ба КОВИД-19 ҷон бохтанд ва ба ин тартиб, шумораи қурбониёни ин вирус дар Русия ба 137 ҳазору 925 нафар расид.

Мавҷи нави гирифторӣ ба КОВИД-19 дар Русия дар натиҷаи майл надоштани бисёре аз мардуми ин кишвар ба ваксинагирӣ аст. Танҳо ҳудуди 15 дарсади мардуми Русия ваксинаи зидди КОВИД-19-ро гирифтаанд. Ҳоло он, ки бисёре аз русҳо гуфтаанд, ки ба ваксина ва изҳороти мақомоти Русия дар ин бора бовар надоранд.

Аввалҳои ҳафтаи гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз шаҳрвандони ин кишвар дар коромад будани ваксинаҳо шак надошта бошанд ва ба бемористонҳо ҳозир шуда, худро эм кунанд. Аммо бисёре аз нозирон мегӯянд, ки ӯ бо баёни ин ҳарф, ки ваксинаҳои тавлиди Ғарб хатарнок ҳастанд, таъсири паёми худро камранг сохт. Оқои Путин ҳеҷ санаде дар шарҳи ин иддаои худ ироа накард.

XS
SM
MD
LG