Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон бо Ғанӣ дар бораи фирори сарбозон ва вазъ дар марз суҳбат карданд


Моҳи июл Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон сафар намуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат карда буд.
Моҳи июл Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон сафар намуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон дар бораи ақибнишинии низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон суҳбат кардааст.

Ӯ рӯзи 4-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои афғони худ вазъ дар кишвари ҳамсояро ташвишовар хондааст.

Рӯзи 3-уми июл беш аз 300 сарбозу афсари афғон аз ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистон ба ҳамлаи Толибон тоб наоварда, ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Аз ин пеш, дар бораи ақибнишинии беш аз 150 сарбози дигари афғон ба хоки Тоҷикистон хабар дода буданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат намекунад ва аз талошҳои сулҳ дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш 1400 километр хатти марз дорад, нерӯҳояшро ба ҳолати омодабош даровардааст. Толибон дар ду моҳи ахир ҷангҳоро бештар кардаанд ва чандин ноҳия дар марз бо Тоҷикистонро тасарруф намудаанд.

XS
SM
MD
LG