Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия марг аз коронавирус афзоиш ёфтааст


Як беморхона дар Русия
Як беморхона дар Русия

Дар Русия дар як шабонарӯзи охир 663 нафар аз коронавирус фавтидааст ва беш аз 25 ҳазор нафари дигар ба он сироят ёфтаанд.

Омори марг ва гирифториро баландтарин дар чанд моҳи ахир медонанд. Мақомоти рус гуфтаанд, ки аз ибтидои пандемия 137 925 нафар аз ин вирус ҷон бохтаанд.

Бештар шудани гирифторон ва марг аз КОВИД-19 дар ҳолест, ки дар аксари шаҳру навоҳии Русия ваксингирии сокинонро ҳатмӣ кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, то кунун 23 миллион нафар дар Русия ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG