Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум аз вайрон шудани зодгоҳи президенти Туркия хашмгин шудаанд. ВИДЕО


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия

Истихроҷи санг дар зодгоҳи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия хашми мардумро ба бор овардааст.

Аз мавзеи Икиздара дар вилояти Ризеи Туркия, ки онро мардуми маҳаллӣ порае аз биҳишт меноманд, барои бунёди як бандар дар Баҳри Сиёҳ бояд 20 миллион тонна санг баранд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Тарҳҳои Эрдӯғон ва вайронгарӣ дар табиати Туркия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Гунгор Баш, корманди маҳаллии кони санг гуфт, ба хотири коркарди санг ин мавзеро хароб мекунанд. “Аламовар аст. Медонед, мо тамоми кӯдакии худро инҷо гузарондем. Ман фарзанд дорам ва онҳо ҳам бояд инҷоро бубинанд. Ин биҳишти мо аст, биҳишти мо.”,--гуфт ӯ.

Мардум метарсанд, ки истихроҷи санг, рӯи зиндагии онҳо, ба истеҳсоли чою асал, манбаи даромади сокинони инҷо асари бад мегузорад. Гарди ғубор аз кон, садои таркиши маводи тарканда ва мошинҳои бузург ҳавову фазои дараро олуда мекунанд.

Зайнаб Бош, сокини дигари Икиздара мегӯяд, кори коргарон зиндагии маъмулии мардумро ба ҳам задааст, чун онҳо 24 соат кор мекунанд ва садои баланд мардумро хаста кардааст.

Канда юбурдани сангҳои ин мавзеро бештар аз ҳама кишоварзон эҳсос кардаанд.

Парвин Баш, чойпарвар аз Икиздара мегӯяд, "Мо занбӯру алафзор дорем. Ҷонварҳои мо дар ин ҷангалҳо мечаранд. Инҷо барои мо мисли анбор аст. Онҳо ҳамачизи моро гирифтанд. Ман қаблан чорвоямро онҷо мечарондам, ҳоло фақат дар оғиланд."

Аз моҳи апрел инҷониб мардум тазоҳурот мекунанду мехоҳанд, пеши роҳи бинокоронро бигиранд. Сангро ширкати "Чингиз Ҳолдинг", ки бо ҳукумат наздик аст, истихроҷ мекунад. Тазоҳургаронро пулис дастгир ва таҳдид кардааст. Тазоҳуротро ҳам манъ кардаанд. Мардум метарсанд, ки сарнавишти зодгоҳашон айни тақдири деҳа дар дараи ҳамсоя мешавад, ки бо вуҷуди тазоҳурот дар онҷо барои бунёди як фурудгоҳ аз масоҳати 24 гектар санг истихроҷ карданд.

Пофишории Эрдуғон барои иҷрои тарҳҳои азим дар Туркия зери заррабин аст. Коршиносон нигарони оқибатҳои тарҳҳо барои муҳити зист ҳастанд.

Мардум дар Икиздара бо вуҷуди воқеиятҳо азм доранд, як порчаи хурде аз биҳиштро эмин нигаҳ доранд.

XS
SM
MD
LG