Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини духтарони донишҷӯ бо баландпошна дар Украина танқид шуд


Донишҷӯдухтарони украинӣ бо попӯшҳои пошнабаланд барои гашти низомӣ тамрин карданд
Донишҷӯдухтарони украинӣ бо попӯшҳои пошнабаланд барои гашти низомӣ тамрин карданд

Вазорати дифои Украина барои роҳ додан ба тамрини духтарони донишҷӯи Донишкадаи низомӣ бо попӯшҳои пошнабаланд дар гашти низомӣ ба хотири 30-солагии истиқлолияти ин кишвар мавриди интиқод қарор гирифт.

Акси духтарони донишҷӯ бо попӯшҳои пошнабаланд рӯзи 1-уми июл дар сомонаи Вазорати дифоъ пайдо шуд, ки барои гашти низомӣ тамрин мекарданд.

Дар порлумони Украина ва шабакаҳои иҷтимоӣ сафарбар шудани духтарон бо чунин попӯшҳоро таҳқир дар ҳаққи онҳо хонданд. Ба гуфтаи танқидгарон, барои занон тамрин ва анҷоми гашт бо чунин попӯшҳо душвор ва хатарнок аст.

Ин занҳо бояд рӯзи 24-уми август бо чунин либос ва попӯшҳо дар гашти низомӣ ба хотири сӣ солагии истиқлоли ин кишвар аз Шӯравӣ иштирок мекарданд.

Пас аз танқидҳои зиёд, Вазорати дифои Украина гуфт, ки донишомӯзони Донишкадаи низомӣ дар ҷашни истиқлол бо либоси дигар гашти низомӣ анҷом мхоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG