Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи издивоҷи хешовандон дар Тоҷикистон чӣ натиҷа дод? ВИДЕО


Саидвали Саидов, сокини шаҳри Душанбе

Панҷ сол қабл Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба қонун издивоҷи хешовандонро расман манъ кард. Мақомот гуфта буданд, чунин издивоҷҳо сабаби асосии таваллуд шудани 30 дар сади кӯдакони бемору маъюб аст, вале омори 5 соли ахир нишон медиҳад, ки вазъ беҳтар нашудааст. Зоҳиран, сабаби ба дунё омадани тифлони маъюб танҳо ин набудааст.

Духтурҳо гуфтанд, хунатон як аст

Робияи дунимсола аз шумори тифлонест аст, ки волидонаш хешу таборанд. Дар як рӯз, ба гуфтаи падараш, ӯро даҳҳо бор табларза мегирад. Зеро аз бемории саръ ё эпилепсия ранҷ мебарад. Падари Робия, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе Саидвали Саидов, мегӯяд зиндагии оилаи ӯ баъди таваллуди духтари маълулаш тамоман баҳам хӯрд ва завҷааш ӯро тарк кард: "Кӯдакро гирифта дар хунуки мемонаду мегурезад. Ҳамсояҳо ӯро мепурсанд, ки ба куҷо мерави, мегӯяд ба ман на шавҳар ва на кӯдак лозим не. Зимистон буд. На хат буд аз занам ва на хабар. Кӯдакро 3 моҳ худам нигоҳ кардам. Касалии духтарам ҳар рӯз авҷ мегирифт. Ӯ синдроми Уэст дорад, яъне эпилепсия. Дар як моҳ 4 маротиба касал мешавад. Дар як шабонарӯз чашмонаҳ то 120 ё 150 маротиба минисудороги мегирад"-, нақл кард Саидов.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Издивоҷи хешутаборӣ паёмади хуб надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Бемории кӯдак ба муносибати Саидвалӣ ва ҳамсараш ҳам бетаъсир намонд. Ҳоло волидони Робия, ки бо ҳам хешу таборанд тасмим доранд аз ҳам ҷудо шаванд. Ҳоло тифли бемор бо модараш аст. Саидов мегӯяд, эҳтимол бемор ба дунё омадани тифл ҳам сабаби бештар шудани муноқишаҳо дар оилаи ӯ шуд: "Ман метавонам сабабшро дар ҳамин бинам. Шояд як теъдоди ҳамин муноқишаҳои мо ба ҳамин ҳам рабт дошта бошанд. Пеш аз ин ҳам буд ҷанҷолҳо, вале пас аз таваллуди духтарчаам, ки мариз аст, бештар шуд."

Издивоҷ бо духтари хола

Саидвали бо духтари холааш издивоҷ кардааст ва се фарзанд доранд. Пеш аз Робия ду навзоди ӯ бемор таваллуд шуда фавтидаанд. Таваллуди духтари сеюм, ки низ бемор буд зану шавҳарро ба ин фикр бурд, ки эҳтимол сабаб пайванди хешу табории онҳо бошад: "Мо ба духтур муроҷиат кардем, анализ супоридем, духтурҳо гуфтанд “хунотон як аст.”

Тибқи иттилоъи Вазорати тандурустӣ дар ду соли ахир шумори кӯдаконе, ки мисли Робия маълул ҳастанд, аз ду ҳазор нафар бештар шудааст. Бино бар омори расмӣ дар соли 2020 дар кишвар 28 ҳазору 76 нафар кӯдаки дорои имкониятҳои маҳдуд ба қайд гирифта шудааст. Омилҳои асосии афзоиши кӯдакони маълулро пизишкони тоҷик ба никоҳи хешу таборӣ ва вазъи нохуби саломатии модарон, рабт медиҳад. Абдусалом Воҳидов, доктори илмҳои тиб, ки ба муолиҷаи тифлон ихтисос дорад мегӯяд "агар резус фактори гурӯҳи хуни модар манфӣ бошад ва падараш мусбӣ, он вақт байни модару ҷанин хун туғри намешавад. Он вақт тифл гирифтори бемории "гемолитическая болезн новорожденного" мешавад." Ба гуфтаи Воҳидов, бисёре аз кӯдакҳои никоҳи хешу таборӣ камвазн таваллуд мешаванд, ки дар бештари ҳолатҳо боиси бемории онҳо шуда метавонад.

30 дарсади кӯдонки маъюб, ҳосили издивоҷи хешон

Нигарониҳо аз афзоиши навзодон бо нуқси ҷисмонӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳанӯз панҷ сол пеш мақомоти ин кишвар барои пешгирӣ аз таваллуди кӯдакони бемор никоҳи хешутабориро манъ карданд. Мақомот гуфта буданд, чунин издивоҷҳо сабаби асосии таваллуд шудани 30 дар сади кӯдакони бемору маъюб аст. Барои пешгирӣ аз ин дар кишвар аз 1 июли соли 2016 санҷиши ҳатмии хуни арӯсу домоди оянда пеш аз тӯй ҷорӣ шуд, вале омори 5 соли ахир нишон медиҳад, ки вазъ беҳтар нашудааст. Зоҳиран, сабаб танҳо ин набудааст.

Фируз Ҳамроев, раиси Ҷамъияти маъюбони “Имконият”-и Душанбе, мегӯяд никоҳи хешу таборӣ яке аз омилҳои ба дунё омадани тифлони маъюб аст. Омили дигар ба гуфтаи ӯ ғизои нодуруст истеъмол кардани модарон ва риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аст. "Шахсан худамро гирем агар, падару модари ман хешу табор ҳастанд, духтарамак ва писарамак, вале ман маъюб таваллуд нашудаам. Пас аз касалии фалаҷ гирифтори маъюбият шудам. Дар ҳамаи ҳолатҳо ин сабаб шуда наметавонад. Фоизи баланди ба маъюбӣ дучор шудани кӯдакон ин нодуруст ғизо гирифтани модар ё омилҳои тиббӣ аст."-, гуфт ӯ. Ба гуфтаи Ҳамроев, маъюбии бештари кӯдакон пас аз таваллуд ошкор мешавад. Онҳо вақте ба сини муайян мерасанд ношунавоӣ, нобиноӣ ва фалаҷи онҳо аён мегардад.

Дар Тоҷикистон соли 2020 67 ҳазор никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 15 дарсад кам аст. Маълум нест, ки чанд дарсади издивоҷкардагон хешу таборанд. Мақомот мегӯянд, омори ин гуна никоҳҳо вуҷуд надорад. Пас мантиқан иҷрои қонуни қабулшуда аз абзори назорат маҳрум аст.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG