Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Забонхат медиҳем, ки хешу табор нестем..."


Ҷавонону духтарони суғдӣ ҳамроҳ бо навиштаи ариза дар бораи издивоҷ дар идораи ЗАГС зери забонхате низ имзо мегузоранд, ки бо ҳам хешу табор нестанд ва пинҳон доштан ин далел ҷавобгарии қонунӣ дар пай дорад.

Ҷавонону духтарони суғдӣ ҳамроҳ бо навиштаи ариза дар бораи издивоҷ дар идораи ЗАГС зери забонхате низ имзо мегузоранд, ки бо ҳам хешу табор нестанд ва пинҳон доштан ин далел ҷавобгарии қонунӣ дар пай дорад.

Муқаддама Ҳошимзода, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд рӯзи 28 ми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қоидаи нав аз сӯи ин ниҳод ба хотири раҳ надодан ба бастани ақди никоҳ байни хешовандони наздик ҷорӣ шудааст. “Дар поёни ариза барои никоҳ ҷуфтхоҳон менависанд, ки бо ҳамдигар хеши наздик нестанд ва дар сурати додани маълумоти бардурӯғ ҷавобгариро дар назди қонун бар дӯш мегиранд", мегӯяд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои мақомоти ЗАГС ё Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 393 ҷуфти бо ҳам хешутабор ақди никоҳ ба қайд гирифта ва тақрибан 98 дар сад ё 385 никоҳи хешутборӣ дар вилояти Суғд баста шудааст.

Никоҳи хешутаборӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҳадди 4 бор зиёд шудааст. Моҳи июн, ки моҳи рамазону рӯзадорӣ буд, ба таври бесобиқа ҷавонони хешутабори ба ҳам номзад дар идораҳои ЗАГС ақди никоҳи расмӣ ва мъракаҳои тғй баргузор мекарднд. Ба ҳайси мисол, дар соли 2015 дар вилояти Суғд ҳамагӣ 199 никоҳи хешутаборӣ сабт шудааст.

Муқаддама Ҳошимзода, мудири шӯъбаи мазкур дар вилояти Суғд, инро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, дар тӯли се моҳе, ки аз тағйири Кодекси оила дар мавриди манъни никоҳи хешутаборӣ то ба ҳукми иҷро даромадани он ҷуфтҳои хешу табори наздик, ки бо ҳам қаблан номзад шуда буданд, расман ақди никоҳ бастаанд : “Ман дар бораи минтақаҳои дигар чизе гуфта наметавонам, вале дар бораи вилояти Суғ мо аз рӯи санадҳо омори воқеиро пешниҳод намудем. Баъзе аз ин зану шавҳарони ба ҳам хеши наздик бо ҳам якҷоя зиндагӣ мекарданд, баъд дар се моҳи то манъи никоҳи хештаборӣ дар идораҳои ЗАГС ақди никоҳи қонунӣ бастанд.”

Дар Тоҷикистон сар аз 1 - уми июли соли ҷорӣ никоҳи хешу таборони наздик, бо фарзандони амаку тағо ва аммаву хола манъ гардид ва ҳамчунин гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои ҷуфтхоҳон ҳатмӣ шуд. Ба ин маънӣ, моҳи январ ба Кодекси оила тайироту иловаҳо ворид шуда буд.

Ба таъкиди вакилони парлумони Тоҷикистон, никоҳҳои хешутаборӣ яке аз сабабҳои асосии ба дунё омадани кӯдакони бемору бонуқс дар кишвар аст. Гуфта мешавад, шумораи ин гуна кӯдакон беш аз 25 ҳазор буда, 30 – 35 дарсади онҳо аз зану шавҳари бо ҳам хеши наздик ба дунё омадаанд.

Санавбар, як сокини Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соҳиби ду писар аст, ки калонӣ 24 сола буд, донишгоҳро хатм кардааст ва дар синни зангирист. Ӯ афзуд, қаблан бо шавҳараш моил буданд, ки ба писари калониашон духтари хоҳарашро арӯс кунанд, вале баъд даст кашидаанд : “Ростӣ, писарамро ҳам ҳанӯз соли гузашта қариб моил карда будем, духтархолаашро номзад кунем, аммо баъд аз фикрамон гаштем. Ин пеш аз баҳсу муҳокимаҳои манъи никоҳи хешутаборӣ буд. Чунки фарзандонмон худашон якдигарро интихоб накарда буданд в мо нахостем,онҳо гапи моро қабул карда, бо ҳам хонадор шаванд. Агар дар оянда ситоравшон ба ҳам рост наояд, он гоҳ байни мо, хешовандон ҷудоӣ афтоданаш мумкин.”

Вале мусоҳиби дигари мо, ҷавоне, ки нахост аз вай ном бурда шавад, мегӯяд, ӯ ва духтари амакаш чанд сол боз ба ҳам муҳаббат доранд ва волидайнашон низ аз ин пай бурдаву мухолиф нестанд. Ҷавон ду сол пеш мактаби миёнаро хатм кард, ҳоло дар Русия таҳсил мекунад. Ӯ ва падараш шаҳрвандии Русияро доштаанд ва ҷавон мегӯяд, бо духтарамакаш маслиҳат кардаанд, ки дар Русия ақди никоҳ бубанданд.

Ҳоло моҳи аввали ба иҷро даромадани манъи никоҳи хешутаборӣ ба охир нарасида ва мақомоти Суғд мегӯянд, аз никоҳҳои дар ин моҳ басташуда ҳанӯз натиҷагирӣ накарданд. Вале ба назари хонум - Ҳошимзода, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Суғд, манъи никоҳи хешутаборӣ ба сокинон дар мулоқоту сӯҳбатҳо ва тавассути расонаҳо фаҳмонида шуда,дигар боз ҳам бо роҳҳое ғайриқонунӣ аз қайди никоҳи расмӣ гузаштани сокинони бо ҳам хешу табори наздик дур аз эҳтимол ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG