Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиканҷа ё беэҳтиётӣ? Додгоҳи Ваҳдат муҳокимаи капитани милиса дар робита ба марги Гадозодаро оғоз кард. ВИДЕО


Файзулло Гадоев, падари Меҳроҷиддин Гадозода

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба баррасии парвандаи як корманди собиқи милиса шурӯъ намуд, ки дар робита ба марги Меҳроҷиддин Гадозода, ба хунукназарӣ муттаҳам мешавад. Нафари муттаҳам ба хунукназарӣ худро бегуноҳ меҳисобад. Ҷониби ҷабрдида мегӯяд, ӯ на ба иттиҳоми хунукназарӣ, балки барои даст доштан дар шиканҷаи марҳум Меҳроҷиддин бояд посух гӯяд.

Меҳроҷиддин Гадозода, сокини Ваҳдат, рӯзи 10-уми апрел баъд аз чанд соати боздошт аз сӯи маъмурони милиса ҷон бохтааст. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ӯ бо ҳадафи фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои Шӯъбаи корҳои дохилаи Ваҳдат ба замин партофтааст. Аммо пайвандонаш иддао доранд, ки Меҳроҷддин аз шиканҷаи кормандони милиса фавтидааст.

Дар робита ба марги ин ҷавони 31 сола, додситонӣ нисбати капитани милиса Хушвахт Файзуллозода бо моддаи 322, қисми 2-и Кодеки ҷиноӣ парванда боз намудааст. Ин меъёри қонун "иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор" аст, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта, ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Вакили дифои ҷабрдида мегӯяд, моҳи апрел боздошти Меҳроҷиддин аз ҷониби корманди милиса, ғайриқонунӣ сурат гирифта, бидуни тартиб додани ҳуҷҷати зарурӣ вайро дар ошиёнаи сеюми ШВКД-и Ваҳдат мавриди пурсиш қарор додаанд. Хушвахт Файзуллозода, дар як суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, гуноҳе накардааст. Вай аз гуфтани ҷузъиёти бештар дар ин робита худдорӣ варзид.

Рӯзи 2-юми июл дар назар буд, нахустин мурофиаи додгоҳии Файзуллозода шурӯъ гардад. Малоҳат Раҳмонзода, муовини аввали раиси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат, ки раисикунандаи мурофиа аст, ба хабарнигори Радиои Озодӣ иҷозаи ворид шудан ба толори додгоҳро надод.

Салимҷон Сайфуллоев, вакили дифои хонаводаи Гадозода ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо далели он ки судшаванда, изҳор дошт, ки ба парванда шиносоӣ надорад, пурсиши ҷонибҳо сурат нагирифта, мурофиа ба рӯзи душанбеи 5-уми июл ба таъхир гузошта шуд."

Таъхир дар мурофиаи додгоҳӣ боиси асабонияти Файзулло Гадоев, падари Меҳроҷиддин, ҳангоми баромадан аз толор дар хитоб ба додрас гуфт, "адолат риоя шавад, аз суд адолат мехоҳанд. Чӣ гуна як корманди милиса бо гузашти ду моҳ, ки нисбаташ парванда кушодаанд, ба маводи парванда шинос нест, ин як масхарабозӣ аст"-, гуфт Файзулло Гадоев.

Гузориши видеоиро дар ин бора инҷо тамошо кунед:

Аз афтидан ҳалок шуд ё аз шиканҷа?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Ин мард дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо вакили дифо борҳо аз мақомоти тафтишотӣ дархост намудаанд, ки вобаста ба марги писараш бо иттиҳоми шиканҷа нисбати чанде аз кормандони милиса парванда боз намоянд: "Ӯро шиканҷа карда, ба марг расонидаанд, барои ин дар баробари Хушвахт Файзуллозода бояд чанд нафари дигар низ ҷавоб гӯянд."-, афзуд Гадоев.

Дар ҳабси пешакӣ қарор надоштани айбдоршаванда Хушвахт Файзуллозода яке аз нигарониҳои дигари ҷониби ҷабрдида шудааст. Ҷаббор Файзуллозода, муфаттиши Додситонии шаҳри Ваҳдат, рӯзи 2-юми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми тафтиши парванда ҳолати шиканҷа дар бадани Меҳроҷиддин Гадоев ошкор нашуд. Ӯ гуфт, Меҳроҷиддин худро аз бинои ШВКД-и Ваҳдат партофтааст, вале шарҳи бештар надод, ки чӣ гуна. Ин муфаттиш шинос набудани айбдоршаванда ба маводҳои парвандаро "хандаовар" номида, гуфт, "ӯ худ корманди калони оперативӣ буд, нафаре нест, ки чунин чизҳоро нафаҳмад, омада буд, шинос шуд ва имзо гузошт". Ҷаббор Файзуллозода афзуд, ки бо шарти набаромадан аз макони будубош, зарур шумориданд, ки айбдоршаванда дар ҳабси пешакӣ набошад.

Хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода аз ин рафтори мақомот нигаронанд ва мегӯянд, дар озодӣ будани айборшаванда аз рӯи адолат нест. Онҳо гуфтанд, мақомот то ҳол далеле пешниҳод накардаанд, ки марги Меҳроҷиддинро бинобар афтидан аз ошиёнаи сеюм собит созад. Салимҷон Сайфуллоев, вакили дифои ҷабрдида мегӯяд, ташхиси тиббӣ-судӣ низ ҷароҳатҳои бадани Меҳроҷиддинро дар пайи афтидан аз бинои идораи пулис собит накардааст.

Ӯ дар як номаи худ ба мақомоти тафтишотӣ навиштааст, ки " Оид ба натиҷаи ташхисе, ки дар парвандаи ҷиноятӣ ҳаст, ҳаминро қайд намудани ҳастам, ки дар пойҳо, қабурғаҳо ва китфони Меҳроҷиддин ҷароҳатҳои ҷисмонӣ пайдо карда нашудааст, ин ҳолат аз он далолат медиҳад, ки экспертизаи судӣ- тиббӣ ба ҳолати кор мувофиқат намекунад, зеро дар ҳолати афтидани инсони тахминан 75-80 кг аз баландии тахминан 9-10 метр ҳатман китфон, пойҳо ва қабурғаҳо мешикананд. Дар руй ва гардани ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дида мешавад, ки дар ҳолати инсонро дар руи замин кашидан пайдо шуданашон мумкин аст. Чунин ҳолатҳо аз мадди назари мақомоти пешбурди парванда мадди назар шудааст."

Падари Меҳроҷиддин иддао дорад, ки вақте ҷасади писарашро кушоданд, дар бадани ӯ осори шиканҷаро дида буданд, ки мақомоти тафтишотӣ чунин ҳолатро ҷиддӣ нагирифта, бо гумонбар намудани танҳо як нафар ба хунукназарӣ парвандаро ба додгоҳ ирсол кардааст. Ҳарчанд мақомоти умури дохилӣ Меҳроҷиддинро ба дуздӣ муттаҳам кардаанд, вале хонаводааш мегӯяд, чунин иттиҳомоти мақомот асос надорад.

Пас аз марги ин ҷавон мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баёяние гуфтанд, ки "ӯ бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз тирезаи утоқи корӣ яку якбора худашро ба замин партофта, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад" Падари ҷавон гуфт, чунин изҳороти мақомот воқеият надорад, зеро фарзандаш ҳеҷ ҳадафи фирорро надошт ва гузашта аз ин ӯ ба ҷинояти вазнине гумонбар намешуд, ки аз тарс фирор кунад.

Меҳроҷиддин ягона писари хонавода буда, ба қавли падараш гоҳе аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ва гоҳе аз ҳисоби нигоҳубини чорвои ҳамдеҳагонашон маблағ дастрас намуда, рӯзгорашро пеш мебурдааст. Аз ӯ се фарзанд ятим мондаанд. Бори аввал нест, ки як нафар пас аз чанд соати боздошт аз сӯи мақомоти интизомӣ ба таври мармуз вафот мекунад. Пештар низ чанд гумонбар баъди дастгир шудан аз тарафи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҷон бохта буданд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG