Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо корманди як ширкати Қазоқистон бо талаби маош ва шароити беҳтар коршиканӣ карданд


Корпартоён дар рӯзи 1 июли соли 2021
Корпартоён дар рӯзи 1 июли соли 2021

Коршикании кормандони ширкати "КЕЗБИ" дар Жанаозени Қазоқистон идома дорад. Шоми 30 июн гуфтугӯи онҳо бо ҷониби корфармо бенатиҷа анҷом ёфт.

Ҳудуди 600 корманди "КЕЗБИ" 1 июл бо талаби шароити беҳтари корӣ ва баланд бардоштани маош корпартоӣ карданд.

Яке аз эътирозгарон Нурсултон Нуримов гуфт, "21 июн шаҳрдорӣ, нозироти меҳнат ва корфарморо аз тасмими корпартоӣ огаҳ карда будем, вале ҳеч посухе нагирифтем. Ҳаминтариқ имрӯз, 30 июн мо корро пурра қатъ кардем. Аз соати 6 касе ба кор набаромад".

Кормандони "КЕЗБИ", аз ҷумла талаб доранд, ки маошашон баланд ва барои кор дар рӯзҳои ид пули иловагӣ пардохт шавад.

Дар гуфтугӯҳо бо комисияи махсуси иборат аз намояндагони корфармо, шаҳрдорӣ, вазорати меҳнат, раёсати пулис ва муовини раиси вилояти Мангистау аз ҷониби кормандони норозӣ чор нафар Азамат Жапаров, Жолмурат Уликпанов, Баймурат Ажекенов ва Сабит Молдабеков иштирок доштанд.

Кормандон ҳамчунин аз корфармо талаб доранд, ки ба кори иттифоқи касабаи таъсисдодаи онҳо дахолат накунад. ​Кормандони "КЕЗБИ" 25 июли соли 2019 иттифоқи касабаеро таъсис дода буданд.

"КЕЗБИ" соли 1992 таъсис ёфта, дар таъмири чоҳҳои нафт ба ширкатҳои вилояти Мангистау хидмат мерасонад.

XS
SM
MD
LG