Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо қочоқи инсон нокофӣ донист


Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, бо вуҷуди саъю кӯшишҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон, талошҳои кишвар дар ин замина ба меъёрҳои ҳадди аққали байналмилалӣ мутобиқ нест.

Дар гузориши солонаи вазорат, ки рӯзи 1-уми июл нашр шуд, омадааст, бо вуҷуди иддаоҳо дар бораи даст доштани худи мақомот дар хариду фурӯши инсон, ҳукумат ҳеч хабаре дар бораи муҳокимаву ҷазо додани чунин гунаҳкорон надодааст. Дар ин гузориш ҳукумати Тоҷикистонро барои он ситоиш кардаанд, ки барои қочоқи инсон ҷазои сахт ва то 7 соли зиндон таъйин кард. Бо ислоҳи қонун, фарзандхонии ғайриқонуниро ҳатто агар ҳадафаш истисмор ҳам набошад, фурӯши кӯдак донист. Соли 2019 дар Тоҷикистон 19 парвандаи хариду фурӯши кӯдаконро сабт кардаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки пандемияи СOVID-19 ба ҳукумат иҷоза надод, ки манобеи лозимро барои мубориза бо қочоқи инсон истифода барад.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон дар соли гузашта 10 парванда бо ширкати 21 муттаҳам ба қочоқи инсонро баррасӣ кардаанд, ки назар ба соли 2019 бештар аст. Дар умум соли гузашта 26 нафар барои истисмор ва ё қочоқи занону духтарон ба хориҷ ҷазо гирифтаанд. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки соли гузашта, теъдоди бештари онҳое, ки ҷабри истисмору зулми қочоқбаронро кашидаанд, таҳти ҳимояти ҳукумат қарор гирифтаанд.

Бо вуҷуди ин талошҳо, ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико, дар Тоҷикистон ҳануз мушкилот зиёд аст ва одамони зиёде дар хориҷ истисмор мешаванд. Занону духтаронро ба танфурушӣ ва кӯдаконро ба гадоӣ маҷбур мекунанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 24 нафареро, ки шоҳиди чунин рӯзҳои талх шудаанд, сабти ном кардаанд.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Гузориши ИМА дар бораи муборизаи Тоҷикистон бо қочоқи инсон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Дар гузориш омадааст, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Русия, Туркия ва Қазоқистон, Гурҷистону Ҳинд ва Афғонистон аз ҷумлаи он кишварҳое ба ҳисоб мераванд, ки занон ва кӯдакони тоҷик дар он ҷойҳо истисмор, ё барои танфурӯшӣ фиристода шудаанд.Айни замон ба гуфтаи муаллифони гузориш, иддао мешавад, ки баъзе аз мақомоти расмӣ дар хариду фурӯши одамон даст доранд ва ҳукумат ҳам то кунун нагуфтааст, ки оё ингуна афродро ба ҷавобгарӣ кашидааст, ё не.

Дар гузориши имсолаи вазорат аз сарнавишти он занони тоҷик ёдовар шудаанд, ки баъзеашон бо ваъдаи издивоҷ ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва ҳамчун ғуломи ҷинсӣ ба ҷангҷӯёни гуруҳи Давлати исломӣ фурӯхта шудаанд.

Тавсияҳо барои ислоҳи вазъ

Муаллифони гузориш гуфтаанд, бисёре аз занони тоҷик, ки бо шавҳарашон ба Сурияву Ироқ рафтаанд, бешавҳар монда, дар баробари танфурушӣ ва истисмор осебпазир шудаанд. Баъзе аз кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик дар гуруҳи Давлати исломиро тирандозиву куштан нишон додаанд, то дар оянда аз онҳо истифода баранд. Дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико омадааст, ки ҳукумат саъй кардааст, ки занону кудакони тоҷикро аз Сурияву Ироқ баргардонад, вале соли 2020 пандемияи коронавируси нав монеи идомаи ин кор шудааст.

Муаллифони гузориш ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, барои решакан кардани ин зуҳурот шеваҳои дурусти ташхиси ҷабрдидагон аз қочоқи инсон ва зери ҳимоят гирифтани онҳоро пеш бигирад. Замонат бидиҳад, ки онҳое, ки ҷабри қочоқбарони инсонро кашидаанд, барои корҳое, ки зери фишор кардаанд, ҷазо нагиранд. Ҳар касе, ки дар хариду фуруши инсон даст дорад, аз ҷумла кормадони ҳукуматӣ бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванду, ҷазо бигиранд. Занону кӯдаконеро, ки аз Сурияву Ироқ ва ё Афғонистон баргаштаанд, таҳти назорат бигирад ва кумак кунад, ки ба зиндагии оддӣ баргарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мубориза бо қочоқи инсон ва решакан кардани ин зуҳурот аз авлавиятҳои кораш аст ва маҳз барои ҳамин аз соли 2005 то кунун Комиссияи байниидоравии мубориза бо хариду фурӯши одамон фаъолият мекунад. Ба гуфтаи мақомот, имсол иҷрои Барномаи махсусе, ки барои солҳои 2019-2021 қабул шуда буд, ба поён мерасад ва аз ҳоло таҳияи барнома нави миллии мубориза бо қочоқи инсон барои солҳои 2022-2025 оғоз шудааст. Гузориши солонаи Амрико дар бораи мубориза бо қочоқи инсон ҳар сол талошҳои кишварҳои ҷаҳон барои маҳви ин зуҳуроти манфиро арзёбӣ мекунад ва дар он мутахассисон хулоса мекунанд, ки то куҷо ин кишварҳо бо қочоқи инсон бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва ба қадри кофӣ мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG