Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Ду зани тоҷикро дар Ҳиндустон ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои қочоқи ду зани тоҷик (яке 29-сола ва дигаре 33-сола) ба Ҳиндустон ва ҷалби маҷбурии онҳо ба танфурӯшӣ муттаҳам карданд.

Вазорати умури дохилӣ рӯзи 13-уми феврал дар изҳороти расмӣ гуфт, гумонбар 36-сола аст, вале ному насабашро нагуфт. Ба зидди ӯ парванда кушодаанд ва таҳқиқ идома дорад.

Ба иттилои расмӣ, гумонбар аз соли 2018 то охири соли 2020 бо кумаки шахсе бо номи "Сара" занҳоро дар шаҳри Деҳлӣ ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст. Мақомот гуфтанд, "гумонбар аз ин ҳисоб дар умум 13 ҳазор доллар фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст."

Яке аз занон аз моҳи декабри соли 2018 ва дигаре аз моҳи феврали соли 2019 то охири соли гузашта ба танфурӯшӣ дар Ҳиндустон маҷбур шудаанд.

Он чи то кунун ба даст омадааст, изҳороти расмии мақомот аст ва дарёфти тафсилоти он аз манобеи мутақил феълан ғайриимкон аст. Ҳамчунин назари гумонбар ва шахсони наздик ба ӯ дастрас нест.

Қочоқи занони тоҷик ба хориҷа барои танфурӯшӣ ҳодисаи нав нест, вале ба Ҳиндустон бурдани онҳо тоза ошкор мешавад.

Вазорати умури хориҷии Амрико, ки солона дар бораи муборизаи кишварҳои ҷаҳон бо истисмор ва қочоқи инсон гузориш нашр мекунад, соли 2018 гуфт, талошҳои Тоҷикистон барои аз байн бурдани ин зуҳурот кофӣ нест. Дар гузориш омадааст, Тоҷикистон ҳамчунон манбаи қочоқи инсон ба кишварҳои арабӣ ва хориҷи наздик мемонад.

XS
SM
MD
LG