Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ бо раиси Думаи Давлатӣ масъалаи муҳоҷиронро баррасӣ кардааст


Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Вячеслав Володин раиси Думаи Давлатии Русия мавзӯи буду боши муҳоҷиронии кории тоҷикро матраҳ кардааст. Мулоқти ду ҷониб рӯзи 1-уми июл дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ сурат гирифт.

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин гуфтугӯ мавқеъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия матраҳ шуда, мавзӯъи муҳоҷирон дар меҳвар қарор дошт. Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки дар ин самт тадбирҳои мақсаднок, аз ҷумла барқарорсозии парвозҳои мунтазам ва рафтуомади бемонеаи шаҳрвандон, амалӣ гарданд.

Феълан байни Душанбеву Маскав ҳафтае 4 парвози мунтаззам аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии Сомонэйр ва Ютейр анҷом мешавад. Мақомоти тоҷик сарусадоҳо дар бораи гуё, дубора қатъ шудани равоуи ҳавоиро бинобар густариши дубораи COVID-19 беасос хонанд. Феълан дар ин замина ҳеҷ тасмиме гирифта нашудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG