Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди партоби пуфакҳои оташгиранда, Исроил ба Ғазза ҳамла кард


Ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба маҳалли тавлиди силоҳи Ҳамос дар Ғазза, пас аз оне ки шаби гузашта пуфакҳои оташгиранда ба сӯи Исроил партоб шуд, зарба заданд. Артиши Исроил рӯзи 2-уми июл дар ин бора хабар дод.

Дар бораи талафоти ҷонӣ ва маҷрӯҳон то ба ҳол гузориш нарасидааст. Ин даври севвуми зарбаҳои ҳавоии Исроил ба Ғазза пас аз хатми муноқишаи 11- рӯза дар моҳи май аст, ки бар зидди роҳбарони Ҳамос дар Ғазза анҷом дода шуд. Ҳар як ҳамлаи ҳавоӣ, дар посух ба партоби пуфакҳои оташгиранда аз сӯи пайравони Ҳамос, ки боиси сар задани сӯхтор дар хоҷагиҳои кишоварзии Исроил шуд, анҷом дода шудааст.

Миёнравони мисрӣ ва байналмилалӣ барои пойдор кардани оташбас, ки ба муноқишаи охир хотима гузошт, талош доранд. Тайи рӯзҳои охир Исроил маҳудиятҳоро дар ворид кардани сӯзишворӣ, ки аз сӯи Қатар сармоягузорӣ мешавад коҳиш дод, масоҳати минтақаи моҳидориро барои Ғазза бештар намуда имкон дод тиҷорати фаромарзӣ бо ин минтақа бештар шавад. Исроил мегӯяд, чунин иқдом аз рафтори Ҳамос вобаста аст, ки то куҷо оромиро дар марз нигоҳ медорад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG