Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия аз муҳоҷирон маълумотномаҳои бештари тиббӣ талаб мешавад


Яке аз фурудгоҳҳои Русия.
Яке аз фурудгоҳҳои Русия.

Владимир Путин, президенти Русия қонунеро имзо кард, ки тибқи он аз ин ба баъд аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми сафар ба Русия изи ангушт ва маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои хатарнок талаб мешавад.

Ин санад дар пойгоҳи интернетии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Талаботи нав ба шаҳрвандоне рабт дорад, ки бо сафаре бештар аз 3-моҳа вориди Русия шудан мехоҳанд. Шаҳрвандони хориҷӣ бояд давоми 90 рӯзи пас аз вуруд ба Русия ин санадҳоро датсрас кунанд. Аммо муҳоҷирони корӣ вазифадор мешаванд, дар давоми 30 рӯзи баъди расидан ба Русия маълумотномаи тиббӣ бигиранд.

Изи ангушт ва акси чеҳра дар Русия танҳо як маротиба гирифта мешавад, вале ташхиси тиббӣ барои бемориҳои сироятӣ аз ҷумла ВИЧ пас аз 30 рӯз дубора бояд супурда шавад. Ин талабот ба кӯдакони то 6-сола, шаҳрвандони Белорус ва хонаводаи дипломатҳо рабт надорад. Тибқи қонуни амалкунанда, мақомоти муҳоҷирати Русия аз хориҷиён танҳо ҳангоми гирифтани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ (РВП), иҷозат барои истиқомат (ВНЖ) ва ё ҳангоми гирифтани патент шаҳодатномаҳои тиббӣ талаб мекарданд.

Аз муҳоҷирон ҳамчунин шаҳодатнома дар бораи надоштани сирояти ВИЧ, шаҳодатнома дар бораи мӯътод набудан ва надоштани бемориҳои сироятӣ талаб мешавад. Барои ин онҳо вазифадор буданд, аз муоинаи тиббии духтурони махсус гузаранд. Ҳамчунин дар баробари ин ҳама аз муҳоҷирони корӣ натиҷаи ташхиси флюрографии шуш барои муайян кардани бемории сил талаб мешуд.

XS
SM
MD
LG