Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомади дигари КОВИД-19 дар Ҳинд. Рӯди Ганг ҷасадҳоро берун меорад ва хатари олудагӣ зиёд мешавад


Теъдоди қурбониёни бемории СOVID-19 дар Ҳинд ба марзи 400 ҳазор нафар наздик шуд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки танҳо дар рӯзи 30-уми июн 900 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд ва дар умум коронавирус ба 30 миллион нафар аз аҳолии кишвар сироят кардааст. Яъне се баробар зиёдтар аз аҳолии Тоҷикистон дар Ҳинд гирифтори СOVID шудаанд. Ҳоло бо расидани фасли боронгарӣ дар ин кишвар, мушкили дигаре аз беморӣ дар Ҳинд зуҳур кардааст ва он ҳам рӯи об омадани ҷасади мурдагон.

Ҷасадҳо бо кафанҳои заъфаронӣ ва қурбониёни бемории СOVID-19, ки то ҳол дар Ҳинд бедодгарӣ мекунад. Мардуми фақире, ки барои дафни шоистаи азизонашон пул надоштанд, моҳи апрелу май саросемавор онҳоро дар соҳили Ганг зери хок кардаанд.

Раҷу Чандал як сокини маҳаллӣ мегӯяд, "мардум инҷо ҷасадҳоро гӯр карда, барои мо мушкил сохтанд. Вақте дар рӯдхонаи Ганг сатҳи об боло меояд, гӯрҳоро шуста, ҷасадҳоро берун меорад ва ё онҳоро об мебарад. Баъд зоғу сагҳо ҷасадҳоро мехӯранд".

Бо расидани фасли боронгарӣ дар Ҳинд, рӯди Ганг ҳам бехабар аз кори мардуми фақир, соҳилҳояшро мешӯяд ва рангҳои заъфарониро ба мардум нишон медиҳад. Мақомоти Аллоҳобод -- аз шаҳрҳои муқаддаси Ҳинд, мегӯянд, танҳо дар се ҳафтаи гузашта 150 ҷасадро аз рӯд гирифта сӯзондаанд.

Ба гуфтаи Дипин Кумар, сокини Аллоҳобод, "баъзеҳо мурдаҳоро ба рӯдхона меандозанд ва об онҳоро мебарад. Мақомоти маҳаллӣ онҳоро месӯзонанд, тавре мебинед, чӯб ҷамъ кардаанд. Вале бо боло омадани сатҳи об, ҷасадҳои зиёдеро ба рӯдхона меафтанд ва хатари олудагӣ зиёд мешавад".

Ба тахмини мақомоти Аллоҳобод, мумкин аст дар замони авҷи сирояти коронавирус то 600 нафарро дар соҳили Ганг гӯр кардаанд. Ҳиндуҳо бар асоси ойини хеш ҷасадҳоро месӯзонанду хокистарашро ба об меандозанд. Харҷи маросими хоксупорӣ то 100 долларро ташкил медиҳад, вале табақаи қашшоқи Ҳинд ҳаминро пулро надорад. Барои ҳамин баъзеҳо ҷасади азизашонро ба Ганг меандозанд, ки рӯди муқаддас ба ҳисоб меравад.

Дипин Кумар, сокини дигари Аллоҳобод мегӯяд, "ба дарё андохтани ҷасад, обро олуда мекунад ва бемориҳои хатарнок бармеангезад. Бо боло рафтани сатҳи обу шуста шудани соҳилҳо, ҳамаи ин ҷасадҳоро об мебарад".

Ҳинд, ки хонаи 1 миллиарду 300 миллион нафар аст, беш аз ҳар кишвари дигар ҷабри коронавируси навро кашидааст. Вирус дар ин кишвар то ҳол ба 30 миллион нафар сироят карда ва 400 ҳазор нафарро куштааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG